ВидеоМинтақа ва ҷаҳонРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

РУСИЯ: ВАЗЪИЯТРО ДАР БАДАХШОН УНСУРҲОИ ҶИНОӢ ВА ИФРОТГАРОЁН ТЕЗУТУНД КАРДААНД (ВИДЕО)

Намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова рӯзи 18 майи соли 2022 дар нишасти хабариаш, ки ба шакли брифинг ҳар ҳафта барпо мекунад, мавқеи Русия дар масъалаи рӯйдодҳои ахири Бадахшонро ҳам баён дошт.

Дар анҷоми нишаст хабарнигори хабаргузории русии Интерфас аз Захарова пурсид: “Русия ба муташанниҷ шудани вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон чӣ баҳо медиҳад?”

Намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия  ҷавоб дод, ки  гузоришҳо дар бораи ташдиди вазъи Бадахшон Маскавро ба ташвиш овардааст. Ба назари Мария Захарова, вазъиятро дар шарқи Тоҷикистон афроди ҷинояткор ва ифротгароён чунин тезутунд кардаанд.

 “Мо маълумоти мақомоти расмии Тоҷикистон дар бораи ташаннуҷи вазъ дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони ин ҷумҳуриро, ки бино ба хабарҳо, аз ҷониби унсурҳои ҷиноӣ ва омилони ба онҳо пайваста ифротгароӣ тезутунд шудааст,  бо ташвиш қабул кардем. Дар натиҷа, афрод, аз ҷумла дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, кушта шуданд ё осеб диданд. Сафорати Русия дар Душанӣе бо мақомоти салоҳиятдори ин кишвар дар тамоси доиист. Бино ба иттилои пешакӣ, дар байни осебдидагон шаҳрвандони Русия нестанд. Мақомоти Тоҷикистон ваъда доданд, ки барои ором кардани вазъ ва таъмини амнияти он шаҳрвандони Русия, ки метавонанд дар маҳалли ин ҳодисаҳо бошанд, чораҳои лозимро меандешанд.”

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Сафоратҳои Фаронса, Олмон, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳам шоми 18 май дар як изҳороти муштарак  аз гузоришҳо оиди вазъи муташанниҷ ва даргириҳои хушунатомези дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронии амиқ карданд.

“Мо даъват аз ҳамаи тарафҳо менамоем, то дар роҳи паст намудани шиддати вазъият қуввату ғайрати худро дареғ надоранд, таҳаммул пеша намоянд, инчунин аз истифодаи бемеъёри қувва ва даъват ба зуроварӣ даст кашанд. Мо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба рӯй меоварем, то бо риояи қатъии волоияти қонун амал намудан, инчунин меъёрҳои эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро ҳатто дар ҳолатҳои бӯҳронии марбут ба амният риоя намудан аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин карда шавад. Таҳдид ва таъқиби арзшудаи шаҳрвандон ва рӯзноманигорон ва маҳдудияти васеи маъмули дастрасӣ ба иттилоот дурнамои коҳиши босуръати шиддат ва бозгашт ба тартиботи муқаррариро халалдор мекунад.Аз талафоти ҷонӣ сахт дар таассуф ҳастем ва ба аҳли оилаҳо изҳори ҳамдардии самимӣ менамоем. Ҳамдардии мо ба маҷрӯҳшудагон аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ равона шудааст”, – гуфта мешавад дар изҳороти дипломатҳои ғарбӣ.

Дар анҷоми изҳорот сафоратҳои ғарбӣ аз ҳамаи тарафҳо даъват кардаанд, “то ба муоширати софдилона ва роҳи зудтари оромии вазъият рӯй биоваранд”.

Ин изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки чанд рӯзи охир вазъ дар Бадахшон хеле буғранҷ шудааст. Дар ҷараёни эътирозҳо ва амалиёти ҳарбии мақомот дар се рӯзи охир дар Хоруғ ва аксаран дар Рӯшон, ба эътирофи мақомот, аз ҳарду тараф дастикам 10 нафар (як афсари “Алфа” ва 9 сокини Бадахшон) кушта ва наздики 30 нафар (13 низомӣ ва дастикам 17 сокини Бадахшон) захмӣ шуда, танҳо дар ноҳияи Рӯшон ва танҳо рӯзи 18 май беш аз 70 танро барои иштирок дар нооромиҳои ахир дастгир кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button