ВидеоРӯйдодҳои БадахшонЧеҳраҳо

ПОЛКОВНИК ХОЛБАШ ХОЛБАШЕВ БА ТАШКИЛИ НООРОМИҲО ДАР РӮШОН АЙБДОР ШУД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 19 майи соли 2022 дар як изҳороти вижа гуфт, нооромиҳои ахиррро дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Алим Шерзамонов, Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева роҳбарӣ ва сарпарастӣ мекарданд.

Улфатхоним Мамадшоева рӯзи 18 май дар шаҳри Душанбе ва бино ба иттилои дарёфтии ҳанӯз расман тасдиқношуда, полковник Холбаш Холбашев, фармондеҳи собиқи як қисми марзбонӣ дар Бадахшон низ рӯзи 18 май дар ҳудуди вилояти Суғд дастгир шудаанд. Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, як эътилофи дар Тоҷикистон феълан мамнӯи нирӯҳои мухолифини тоҷик, аз соли 2017 дар Полша ба сар мебарад.

Номи Холбаш Холбашев, фармондеҳи вақти Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик дар вилояти  Бадахшон дар соли 1995, вақте вирди забонҳо шуд, ки ӯ дар канори Хоруғ аз як сӯиқасди мусаллаҳона ба ҷони президент Эмомалӣ Раҳмон ҷилавгирӣ кард ва  нагузошт, ки силоҳбадастони як гуруҳи дигари мухолифин Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо нахустин сафари корӣ ба Бадахшон омада буд, бикушанд. Баъди имзои Созишномаи сулҳи соли 1997 Холбаш Холбашев ба саффи нирӯҳои марзбонӣ пайваст ва солҳои тӯлонӣ фармондеҳии як қисми бузурги марзбониро дар самти Бадахшон бар уҳда дошт.

Ба фарқ аз дигар фармондеҳони собиқи мухолифин аз Бадахшон Холбаш Холбашев дар ҳаводиси солҳои ахири Бадахшон бетарафиро ихтиёр карда буд ва бо ҳукумат мухолифат намекард.

Вале ВКД дар изҳороти ахираш мегӯяд, рӯзҳои 17-18 майи соли 2022,  200 нафар дар ноҳияи Рӯшон шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ-Кулмаро дар 3 нуқта баста, ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиётро маҳдуд карданд.

«Онҳо таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии аъзои дар ҷустуҷӯи расмӣ қарордоштаи ташкилоти экстремистӣ-террористӣ Алим Шерзамонов ва ҳаммаслакони ҷиноятии ӯ Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳои сохти конститутсионӣ, монеа шудан ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба таҳлука андохтани аҳолӣ бо силоҳу аслиҳаи ҷангӣ мусаллаҳ гардиданд”, мегӯяд ВКД.

Бино ба фарзияи ВКД, гурӯҳи дуюм таҳти роҳбарии Ёдгор Ғуломҳайдаров, Қулмаҳмад Палаев ва Паҳлавон Шералиев дар мавзеи Вамардара, ки аз маркази ноҳияи Рӯшон дар баландии 350-400 метр ҷойгир аст, 6 мавқеи ҷангӣ ташкил карда, бинои шуъба ва посгоҳи милитсия, идораҳои давлатӣ ва шоҳроҳи асосиро  ҳадаф қарор дода, вазифадор шуда буданд, ки бо истифода аз гранатомёти РПГ 7В, пулемёти Калашников, автомати Калашников ва норинҷакҳои ҷангӣ ба қатори мошинҳои хизматчиёни низомӣ ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом диҳанд.

ВКД мегӯяд, ҳамин афрод рӯзи 18 май ба корвони мошинҳои воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҶТ (гуруҳи “Алфа”) ҳамлаи мусаллаҳона намуданд, ки бар асари он 1 афсар ба ҳалокат расида, 13 хизматчии ҳарбӣ ҷароҳати вазнин бардоштанд.

ВКД мегӯяд, далелҳои бадастомада ҳокист, ки аъзои ин гуруҳҳо аз қабл барои содир намудани амали террористӣ омодагии пурраи ҷангӣ гирифта, аз хориҷи кишвар роҳбарӣ ва бо силоҳу аслиҳа таъмин шудаанд.

ВКД мегӯяд, ин афрод дар ноҳияи Рӯшон муддати 6 моҳи охир ба қонуншиканӣ, халалдор намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва ба тарсу таҳлука андохтани сокинони осоишта даст зада, аз ҷумла постҳои ғайриқонунӣ ташкил кардаанд. ВКД онҳоро ҳамчунин айбдор мекунад, ки раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додихудоро таҳқиру дашном дода, муовинони ӯ Гулмад Дӯстализода, Лайло Чоршанбезода ва сардори агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Маҳмаднабӣ Маҳмаднабиевро латтукӯб кардаанд.

ВКД гуфт, дар ҷараёни “амалиёти зиддитеррористӣ”, ки рӯзи 18 май дар Рӯшон оғоз ёфт, 8 силоҳбадаст нобуд, 11 нафар захмӣ, 114 нафар дастгир гардиданд ва 8 нафар мавриди ҷустуҷӯ қарор дода шудаанд. ВКД гуфт, аз онҳо 24 автомати Калашников, 5 пулемёт, 18 пистолети гуногунтамға, 4 милтиқи ТОЗ-18, 11 норинҷаки дастии Ф-1, 86 адад коктейли Молотов, 3 кг тротил, 15 ратсия ва 53 телефон мусодира гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки сокинон мегӯянд, рӯзи 19 май мақомот ҷасадҳои 21 сокини кушташудаи Рӯшонро барои гӯручӯб ба хешу табораш доданд. Нашрияи британиягии “The Guardian” рӯзи 19 май хабар дод, ки дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои ахир дар Бадахшон дастикам 25 сокини ин вилоят кушта шуданд.  Сокинони Рӯшон мегӯянд, эътирозгарон силоҳ надоштанд ва нирӯҳои қудратӣ болои издиҳоми мардуми осоишта тир кушоданд.

Бо ин ҳол, ВКД аз дигар гуруҳҳои ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ қотеъона талаб кардааст, ки талаботи қонунҳои амалкунандаро бечунучаро риоя карда, силоҳҳои худро супоранд. ВКД хитоб ба онҳое, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд,  гуфт, ки онҳо ҳоло ҳам имкон доранд, ихтиёран ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир шуда, дар назди қонун ҷавоб диҳанд. Яке аз онҳое, ки ба зиддаш парванда кушодаанд, Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон аст, ки бино ба иттилооти дарёфтӣ, ҳоло нирӯҳои қудратӣ маҳалли зисти ӯ – маҳаллаи Бархоруғ ё Хоруғи болоро дар шаҳри Хоруғ муҳосира гирифтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button