ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ҶАСАДҲОИ 21 СОКИНИ КУШТАШУДАИ РӮШОНРО БА ПАЙВАНДОНАШОН СУПУРДААНД

Сокинони Вамар, маркази маъмурии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистон хабар доданд, ки рӯзи 19 май мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷасадҳои 21 сокини ин ноҳияро, ки дар ҷараёни нооромиҳои ахир кушта шуданд, ба хешу таборашон барои гӯру чӯб супурдаанд. Қаблан дар бораи ба наздиконашон супурдани 17 ҷасад хабар расида буд. Аксари ин ҷасадҳоро рӯзи 19 май ба хок супурдаанд. Наздикони кушташудагон мегӯянд, дар бадани онҳо захми тири силоҳи оташфишон ва ҳамчунин осори латтукӯб ва шиканҷа дида мешуд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои бархе аз қурбониёни ахир нашр шудааст. Сокинон мегӯянд, ин ҷавонон рабте ба терроризм ё ифротгарӣ, ки мақомот айбдорашон мекунанд, надоранд. Дар байни қурбониён аз ҷумла Гоша Вамар ном ҷавоне ҳам ҳаст, ки маризии равонӣ доштааст.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ хабар дод, ки ҷасади боз 4 сокини деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшонро дар майдони маркази ин деҳа гузоштаанд. Як ҳамсуҳбати Озодӣ гуфтааст,  ҷасадҳо урён буданд”. Манбаъҳои дигар илова кардаанд, ки “баъзе аз ҷасадҳо бо нишонаҳои зарбу лат ва шиканҷа буданд”.

Ба гуфтаи сокинон, аз деҳаи Дерзуд ин нафарон кушта шудаанд:

  1. Ардашер Муносибов;
  2. Эҳсон Музробов;
  3. Нусрат Завқибеков;
  4. Мунир Насруллобеков

Рӯшон аз 17 май ба маркази асосии нооромиҳо дар Бадахшон табдил ёфтааст.

ВКД Тоҷикистон, ки субҳи 18 май аз шурӯи “амалиёти зиддитеррор” дар Рӯшон хабар дод, то кунун ҳалокати як афсари воҳиди таъйиноти махсуси КДАМ ва 8 нафар аз сокинонро дар нооромиҳои ахир тасдиқ кардааст. Гуфта мешавад, афсари кушташудаи “Алфа” Файзалӣ Ҷабборзода буд, ки рӯзи 18 май дар зодгоҳаҳ, ҷамоати Даҳана дар канори шаҳри Кӯлоб ба хок супурда шуд. Ба маълумоти ВКД,  дар ҷараёни нооромиҳо дар Рӯшон ҳамчунин 13 тани дигар аз низомиҳо ва 11 сокини ин ноҳия ҷароҳат бардошта, беш аз 70 тан дастгир шуданд.

ВКД эътирозгарон дар Рӯшонро айбдор кард, ки бо истифода аз “коктейлҳои Молотов” ва силоҳҳои дигар ба воҳиди таъйиноти махсуси КДАМ ҳамла оварда, ҳамчунин дар се нуқта дар маркази Рӯшон роҳи Душанбе Хоруғ ва ҳамин тавр роҳи комендатураи марзбониро масдуд кардаанд ва муовини раиси ноҳияи Рӯшон Лайло Чоршанбиеваро латтукӯб кардаанд.

Вале сокинон иддаои мақомот дар бораи мусаллаҳ будани эътирозгаронро рад мекунанд ва мегӯянд, ки нирӯҳои давлатӣ болои издиҳоми осоишта тир кушоданд.

Бархе манобеъ мегӯянд, шумораи кушташудаҳо  ва захмиҳо дар Рӯшон хеле бештар аз шуморест, ки мақомот эътироф мекунанд.

Авзоъ дар Бадахшон баъди “сход” ё гирдиҳамоии рӯзи 14 май муташанниҷ шуд. Дар он гирдиҳамоӣ дар маҳаллаи Бархоруғ истеъфои раиси вилояти Бадахшон Алишер Мирзонабот, раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода ва раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъаев, озод кардани бадахшониҳои дар робита ба эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дастгиршуда, ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги Гулбиддин Зиёбеков ва дигар сокинони вилоят ва бас кардани таъқиби зодагони Бадахшонро талаб карданд.

Рӯзи 16 май издиҳоми эътирозгарон мехост аз Бархоруғ ба маркази шаҳр раҳсипор шавад, вале дар мавзеи Чинак мақомоти амниятӣ бо истифода аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар пеши роҳи онҳоро гирифтанд. Дар натиҷаи рӯёрӯии байни эътирозгарон ва нирӯҳои қудратӣ сокини маҳаллаи Гулакен Замир Назришоев кушта ва 6 тани дигар захмӣ шуданд. ВКД аз ҷароҳат бардоштани се афсари баландпояи милитсия хабар дод ва гуфт, гуруҳи эътирозгарон ба раҳбарии Замир Назришоев ба бинои додгоҳи вилоят ҳамла карданд ва ӯ дар ҳамон ҳамла бар асари дар дасташ таркидани норинҷак кушта шуд. Вале сокинони Хоруғ инро рад мекунанд ва мегӯянд, ин ҷавон аз тири снайпер ҷон бохтааст.

Рӯзи 17 май чандсад сокини Рӯшон дар маркази ин ноҳия, шаҳраки Вамар тазоҳурот карда, бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли нирӯҳои иловагӣ роҳи Хоруғро бастанд. ВКД субҳи 18 май ба “амалиёти зиддитеррор” дар Рӯшон сар кард ва нимаи дуюми рӯз хабар дод, ки “айни ҳол вазъият дар ноҳия ором буда, инфрасохтори иҷтимоӣ ва нақлияти ҷамъиятӣ ба кори муқаррарӣ ва сокинони ноҳия ба фаъолияти рӯзмарраи худ оғоз карданд”.

Вале сокинон хабар медиҳанд, ки дар ноҳияи Рӯшон рӯзи 19 май низ кофтукоби хона ба хона идома дошт ва силоҳбадастон аз мақомоти гуногуни давлатӣ мардони гумонбар ба ширкат дар нооромиҳои ахирро дастгир карда, бо худ мебурданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button