ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ВКД ҲАЛОКАТИ 1 АФСАР ВА 8 НАФАР АЗ ТАРАФИ МУҚОБИЛРО ДАР РӮШОН ТАСДИҚ КАРД

ВКД Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 18 майи соли 2022  дар як изҳороти вижа хабар дод, ки дар соатҳои аввали “амалиёти зиддитеррористӣ” дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон як афсари КДАМ ва 8 нафар аз он тараф кушта шуда, 13 хидматчии ҳарбӣ ва 11 нафар аз он тараф захмӣ шудаанд. ВКД гуфт, беш аз 70 нафар, ки дар изҳорот “аъзои гуруҳи террористӣ” номбар карда шуданд, дастгир шудаанд.

ВКД гуфт, рӯзи 18 май афроди силоҳбадаст дар ноҳияи Рӯшон ба   корвони мошинҳои афсарону аскарони воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҶТ ҳамла намуданд. Ҳамин тавр, бино ба иттилои ВКД, тақрибан 200 нафари мусаллаҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд.

ВКД мегӯяд, “гурӯҳҳои ҷиноятӣ барои содир намудани ин амалҳо қаблан омодагӣ дида, ба ҳамин мақсад аз хориҷи кишвар силоҳу аслиҳа ворид намуда буданд” ва … оқибат онҳо ба содир кардани ҷиноятҳои характери террористӣ дошта гузаштанд”.

ВКД мегӯяд, “айни ҳол вазъият дар ноҳия ором буда, инфрасохтори иҷтимоӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ ба кори муқаррарӣ ва сокинони ноҳия ба фаъолияти рӯзмарраи худ оғоз карданд”.

ВКД аз дигар гуруҳҳо дар Бадахшон даъват кардааст, ки силоҳи худро бисупоранд ва таслим шаванд, вагарна “фардо дер мешавад”.
Аммо дар иттилоияи ВКД дар бораи хабарҳои расида дар бораи суқути як чархбол дар Рӯшон чизе гуфта нашудааст. Сокинони Вамар, маркази ноҳияи Рӯшон мегӯянд, ин чархбол барои аз ҳаво пароканда кардани издиҳоми эътирозгарон истифода мешуд ва ҳангоме, ки мехост гардиши бузургтар карда, барои тирандозии навбатӣ аз ҳаво мавқеи муносибтареро интихоб кунад, аз болои дарёи Панҷ, ки марз аз рӯи он мегузарад, ба тарафи Афғонистон гузаштааст ва нирӯҳои Толибон, ки Афғонистон ҳоло зери назорати онҳост, чархболро бо зарбаи мушак суқут додаанд. Вамар дар наздикии марз бо вилояти Бадахшони Афғонистон ҷойгир шудааст.

Ёдовар мешавем, субҳи барвақти 18 майи соли 2022 ВКД Тоҷикистон аз оғози “амалиёти зиддитеррористӣ” дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон хабар дод. Бино ба хабарҳои тасдиқношуда, дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон бо оғози амалиёт ҳама навъи алоқа, аз ҷумла алоқаи мобил ва Интернет, пурра масдуд карда шудааст.

Вазъ дар Хоруғ, маркази Бадахшон низ буғранҷ боқӣ мемонад. Нимаи аввали рӯзи 18 май сокинон дар маҳаллаи УПД кӯшиши ташкили гирдиҳамоӣ кардаанд, вале аз даруни қисми низомие, ки дар ин маҳалла ҷойгир шудааст, тир кушода, издиҳомро пароканда кардаанд. Ҳамаи роҳҳо ба сӯи маҳаллаҳои Бархоруғ ва Гулакен низ, бино ба гуфтаи сокинон, ду рӯз боз баста аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button