ВидеоМуҳоҷирон

МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР РОСТОВИ ЛАБИ ДОН БА “ТЕРРОРИЗМИ ТЕЛЕФОНӢ” АЙБДОР МЕШАВАД

Додситонии нақлиёти ҳавзаи ҷанубии Русия рӯзи 18 майси соли 2022 хабар дод, ки додситонии нақлиёти шаҳри Ростови лаби Дон парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистонро ба додгоҳ супурдааст. Ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 207 Кодекси ҷиноятии Русия ба додани маълумоти бардурӯғ дар бораи омодагӣ ба таркиш аз ҳиссиёти авбошӣ, ки ҳаёти одамонро зери хатар гузоштааст, айбдор мешавад.

Ба гуфтаи тафтишот, ин муҳоҷири тоҷик моҳи ноябри соли 2021 ба қисми навбатдории пулис занг зада, хабар додааст, ки гӯё дар вокзалҳои Ростов бомба гузоштаанд. Барои таҳқиқи ин хабар мардумро аз вокзалҳо кӯчондаанд, вале таҳқиқ нишон додааст, ки дар вокзалҳои Ростов нишоне аз ягон бомба нест ва маълумоти ин шаҳрванд бардурӯғ будааст.

Парвандаи ӯ ҳоло барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Кирови шаҳри Ростови лаби Дон супурда шудааст. Ба шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси қисми дуюми моддаи 207 ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 500 ҳазор то 700 ҳазор рубл ваё аз 3 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button