КӮДАКИ ДУЧАРХАСАВОР ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ХОНДА” ҶОН БОХТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 17-уми майи соли 2022, тахминан соати 07:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хонда», Саидов Абдуҷалол Раҷабович, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти Ҳисор ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Ноҷии Боло аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони хурдсол Мирзоев Муслиҳиддин Ғафурович, соли таваллудаш 2012, сокини Ҳисорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Мирзоев М.Ғ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Дар рӯзҳои охир ин алакай семин хабари садамаи марговар дар роҳҳои Тоҷикистон аст.
Субҳи 15 май дар кӯчаи Зафари шаҳри Душанбе як мошини “Мерседес” як зану як духтари пиёдагардро пахш кард. Дар натиҷа, Солеҳа Холиқова, соли таваллудаш 1983 дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ноболиғ Рабиева Ганҷина, соли таваллудаш 2004 ҷароҳат бардошт
Шоми 15 май дучархарон Сафаров, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ дар зери чархи мошини боркаши тамғаи “Шакман” ҷон бохт.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар шумурда мешаванд. Бино ба омори расмӣ, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.
Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.