ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

АФСАРИ ДАР БАДАХШОН КУШТАШУДАИ “АЛФА” ДАР КӮЛОБ БА ХОК СУПУРДА ШУД

Файзалӣ Ҷабборзода, афсари 25-солаи “Алфа”, воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ Тоҷикистон (“спетсназ),  нимаи дуюми рӯзи 18 майи соли 2022 дар зодгоҳаш, ҷамоати Даҳана дар канори шаҳри Кӯлоб ба хок супурда шуд. Файзалӣ Ҷабборзода дар ҷараёни нооромиҳо дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳалокат расид.

Радиои Озодӣ хабар дод, ки ин афсари “Алфа” аз қафаси синааш тир хӯрдааст.

Тафсилоти дақиқан кай ва чӣ гуна кушта шудани ӯ дастрас нест.

Вале маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 18 май дар як иттилоия кушта шудани як сарбози КДАМ дар ноҳияи Рӯшонро тасдиқ карда,  гуфт, дар Рӯшон “бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ, инчунин маводи оташафрӯзандаи «Коктейли Молотов» ба колоннаи автомашинаҳои хизматчиёни воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамла намуданд”.

ВКД гуфт, дар натиҷаи ин ҳамла як афсар ба ҳалокат расида, 13 хизматчии ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. ВКД гуфт, ҷониби муқобил иборат аз 200 нафар “бо истифода аз тамоми намуди силоҳ” дар маркази ноҳияи Рӯшон дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд ва муовини раиси ноҳияи Рӯшон Чоршанбиева Лайлоро барои аз роҳи бастаи онҳо гузаштан лату кӯб кардаанд. ВКД бар ин аст, ки ин гуруҳҳо барои ин амалҳо аз қабл омодагӣ дида,  ба ин мақсад аз хориҷи кишвар  ҳатто силоҳу аслиҳа ворид намуда буданд.

ВКД гуфт, дар ҷараёни “амалиёти зиддитеррор”, ки дар ноҳияи Рӯшон субҳи 18 май оғоз ёфт, аз ҷониби муқобил 8 нафар кушта, 11 нафар захмӣ ва беш аз 70 кас дастгир шуд.

Вале сокинони Вамар, маркази ноҳияи Рӯшон қабл аз қатъ шудани алоқа бо ин ноҳия хабар доданд, ки нирӯҳои амниятӣ болои мардуми бесилоҳ тир кушоданд ва ин мунҷар ба куштаву захмӣ шудани шумори зиёди сокинони осоишта шуд. ВКД мегӯяд, касе аз аҳолии осоишта дар ҷараёни “амалиёти зиддитеррор” осеб надидааст.

Гуруҳи “Алфа” КДАМ ҶТ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button