Дин ва боварҳоТаърих

МУКОТИБАИ ПАЁМБАР МУҲАММАД(С) БО ШОҲАНШОҲИ ЭРОН ХУСРАВИ ПАРВИЗ: БА Ӯ БИГӮЕД, АГАР ИСЛОМ БИОРАД…

Вақте номаи Расули Худоро ба Хусрав Парвиз Шоҳи Эрон хонданд, онро пора карданд, бо ғурур ва такаббур гуфт: бардаи ночизе аз афроди раияти ман, номи худашро пеш аз номи ман менависад!?

Моҷароро барои Расули Худо (с) хабар дода гуфтанд; Расули Худо (с) фармуд:

«مَزَّقَ الله مُلکَه»

Худованд подшоҳияшро пора пора кунад!

Ҳамонгуна , ки фармуда буданд, шуд…

Mуҳаммадӣ Абдурраҳмон

Бознашр аз гуруҳи фейсбукии “Ахбори Осиёи Марказӣ”  · 

✍️Номаи Расули Худо (с) ба шоҳи форс Кисро ва натиҷаи он!

Воқеае, ки байни ҳаққу ботилро ҷудо кард ва Аллоҳ Таъоло ҳақро бар ботил ғолиб гардонид.

Воқеъае, ки Яктопарастиро дар сарзаминҳои форс мунташир сохта, худоёни сангину чӯбин ва оташинро несту нобуд сохт!

Номаи Расулаллоҳ (с) !

«بسم الله الرحمن الرحیم. من محمد رسول‌الله إلى کسرى عظیم فارس. سلام على من اتبع الهدى وآمن بالله ورسوله، وأشهد أن لاإله إلا الله وحده لا شریک له، وأن محمداً عبده ورسوله؛ وأدعوک بدعایة الله؛ فإنی أنا رسول‌الله إلى الناس کافة، {لِیُنذِرَ مَن كَانَ حَیّاً وَیَحِقَّ الْقَوْلُ عَلَى الْكَافِرِین}. فأسلم تسلم؛ فإن أبیت فإن إثم المجوس علیك»

«Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон.

Аз Муҳаммад Расули Худо (с) ба Хусрав бузурги порсиён. Салом бар он кас, ки пайгир ва пайрави ҳидоят бошад , ба Худо ва Расули Худо (с) имон биоварад, гувоҳи диҳад бар ин, ки ҷуз Худованди яктои беҳамто Худое нест; Худованде , ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизе шарики ӯ нест, ва инки Муҳаммад (с) бандаи Худо ва Расули ӯст. Ва ман туро ба ойини Илоҳи даъват мекунам, ки ман худ Расули Худо (с) ба сӯи тамоми мардум ҳастам. То хабар дода шавад ҳар он кас, ки зинда бошад ва сухани Худованд дар бораи куфурпешагон таҳқиқ ёбад. Ислом биёвар то растагор шавӣ. Агар худдори карди , гуноҳи тамоми маҷусиён дар гардани ту хоҳад буд!» ¹

Барои бурдани ин нома Паёмбари Акрам (с) Абдуллоҳ ибни Ҳузофаи Саҳмӣ (р)-ро интихоб карданд. Саҳмӣ он номаро ба бузурги Баҳрайн таслим кард, ва намедонем, ки оё он бузурги Баҳрайн яке аз мардони дарбори худашро ба назди Хусрав бузурги Эрон фиристод , ё ҳамчунон Абдуллоҳи Саҳмиро бардорандаи он нома қарор дод.

Ба ҳар ҳол , вақте он номаро ба Хусрав Парвиз Шоҳи Эрон хонданд, онро пора карданд, бо ғурур ва такаббур гуфт: бардаи ночизе аз афроди раияти ман, номи худашро пеш аз номи ман менависад!?

Моҷароро барои Расули Худо (с) хабар дода гуфтанд; Расули Худо (с) фармуд:

«مَزَّقَ الله مُلکَه»

Худованд подшоҳияшро пора пора кунад!

Ҳамонгуна , ки фармуда буданд, шуд!

Хусрав ба Бозон коргузори худаш дар Яман навишт; ду марди диловар аз мардоне, ки назди туанд ба сӯи ин мард , ки дар Ҳиҷоз аст бифирист, то ӯро ба назди ман биёваранд! Бозон ду мард аз атрофиёнашро интихоб кард , он ду мардро ҳамроҳ бо номае ба сӯи Расули Худо (с) фиристод, то ин ки эшон бояд ҳамроҳи он ду мард ба сӯи Хусрав Парвиз раҳсипор гарданд.²

Вақте он ду мард ба Мадина расиданд , бо Паёмбари Акрам (с) рӯбарӯ шуданд , яке аз он ду гуфт: Шоҳи шоҳон Хусрав ба Бозон подшоҳи Яман нома навишта, ӯро амр карда аст, ки вай касонеро бифиристад то шуморо ба назди ӯ бибаранд. Моро низ у назди шумо фиристода аст то бо мо роҳ бияфтед биравем! Бо суханони таҳдидомез ба забонаш ҷорӣ кард. Набии Акрам (с) ба он ду амр фармуданд , ки фардо эшонро мулоқот кунанд.

Дар ҳамин ҳангом , ба дунболи шикасти нобаҳангоме, ки сипоҳи Эрон дар баробари сипоҳи Қайсари Рум ба он дучор гардид, нооромии бузурге низ дар андаруни хонаи Хусрав бар алайҳи вай барпо гардид, Шируйя писари Хусрави Эрон иқдом ба қатли падар баст ва ӯро аз пой дароварду подшоҳии Эронро ба даст гирифт.

Ин ҳодиса дар шаби сешанбе Даҳ рӯз гузашта аз Ҷимоди -ул-уло , соли ҳафтуми ҳиҷрат рӯй дода аст. ³

Расули Худо (с) аз ин воқеъа ба тариқи ваҳи бохабар шуданд, чун субҳи фардо фаро расид, он ду фиристода омаданд, ин хабарро барои онҳо гуфтанд. Он ду гуфтанд: мефаҳми чи мегӯӣ?

Мо камтарин муҷозотро барои ту дар назар хоҳем гирифт! Мабодо мехоҳи ин қазияро барои подшоҳ гузориш кунем?!

Паёмбар (с) фармуданд:

«أخبراه ذلک عنی، وقولا له إن دینی وسلطانی سیبلغ ما بلغ کسرى، وینتهی إلى منتهی الخفّ والحافر».

« Оре! Ин матлабро дар бораи ман ба ӯ гузориш кунед, ба ӯ бигӯед: “Дини ман ва салтаи (ғалабаи) ойини ман то онҷо, ки қаламрави Хурсав пеш рафтааст, пеш хоҳад рафт. Қаламрави дин ва ойини ман то онҷо, ки пойи шутурон ва сӯми аспон бирасад густариш хоҳад ёфт ».

Паёмбар (с) гуфт, инчунин ба ӯ бигӯед:

«إن أسلمت أعطیتک ما تحت یدک، و ملّکتک على قومک من الأبناء».

« Агар Ислом овардӣ, тамоми ончиро, ки дар қаламрави подшоҳии туст ба ту хоҳам дод ва туро бар писарони озодагони мардумони худат, подшоҳ хоҳам кард!»

Он ду мард аз назди Набии Акрам (с) берун шуданд ва рафтанд, бар Бозон ворид шуданд ва хабарро ,ки аз Расули Худо (с) шунида буданд барои ӯ боз гуфтанд.

Андаке баъд номае ба дасти Бозон расид, ки ҳикоят аз қатли Хусрави Эрон ба дасти писараш Шируйя буд . Шируйя дар номаи худаш ба Бозон супориш карда буд: дар мавриди он марде, ки падарам ба ту дастур дода буд, ҳеҷ иқдоме макун то фармони ман ба ту бирасад!

Ҳамин масъала сабаби ислом овардани Бозон ва ҳамроҳони вай аз порсиён ,ки дар Яман буданд, гардид.⁴

🍀
🍀
🍀
🍀
🍀
🍀
🍀
🍀
🍀
🍀
🍀
🍀
🍀
🍀
🍀
🍀
🍀

______________________________________

1.- Табарӣ дар китоби ” Торих -ал-Умам Вал-Мулук; Ҷил. 2, Саҳ. 132.

Нур-Ул-Яқин.

Ҳаёти Саҳоба; Ҷил.1, Саҳ. 193.

Раҳиқ-ул-Махтум.

2.- Торихи ибни Халдун; Ҷил. 2, Саҳ. 37.

3.- Фатҳ-ул- Борӣ; Ҷил.8, Саҳ. 127.

Торихи ибни Халдун; Ҷил.2, саҳ.37.

4.- Муҳозирот Торих-ул-Умам, Ал- Исломия; Ҷил. 1, Саҳ.147.

Фатҳ-ул-Борӣ; Ҷил.8, Саҳ.127-128.

Инчунин муроҷиа кунед :

Бо ривояти саҳеҳ, Байҳақӣ дар китоби “Ад-Далоил; Ҷил. 4, Саҳ. 387-388.

Ривояти Имом Бухорӣ дар саҳеҳаш аз ибни Аббос.

Ал-Бидоя; Ҷил. 4, Саҳ. 269.

Шараф -ул-Мустафо, аз Абӯ Саъиди Нишопурӣ ба ривояти Абӯ Салма ибни Абдурраҳмон.

Дар Ал-Исоба , ва дар Ҳошияи Ал- Бидоя; Ҷил. 4, Саҳ. 269.

Ибни Аби Дунё Ад-Далоил Ун-Нубувва аз ибни Исҳоқ.

Ал-Исоба; Ҷил. 1, саҳ.169.

Табақоти ибни Саъд; Ҷил.1, саҳ.147 бо ривояти саҳеҳ аз Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ.

Таҳқиқу Фиқҳ-Ус-Сира; Саҳ. 381.

Ҳайсами дар Мҷмаъ-уз-Завоид; Ҷил. 8, Саҳ.287.

Сирати Ҳалаби; Ҷил. 3, Саҳ.277.

Ал-Комил ибни Асир; Ҷил. 2, Саҳ. 213.

Торихи Балъамӣ; Саҳ. 1138.

Ал-Вафо; ибни Ҷавзӣ; Саҳ.732.

Канз-ул-Уммол; Ҷил. 4, саҳ.438.

Торихи Бағдод; ҷил.1, Саҳ. 131.

.

https://www.facebook.com/groups/centralasiannews/posts/2258713967610448/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button