ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕО: ҲАМЛАИ ТОҶИКҲОИ КАЛТАКБАДАСТ БА МАҒОЗАИ ТОҶИКҲО ДАР ШАҲРИ ЧИТАИ РУСИЯ

Зодагони Тоҷикистон дар як базаи савдо дар кӯчаи Лазои шаҳри Читаи Русия барои пули қарз занозанӣ кардаанд. Хабаргузории маҳаллии “Чита.Ру”  рӯзи 30 апрел бо такя ба манбааш дар мақомоти интизомӣ хабар дод, ки ҳамаи иштирокчиёни занозанӣ аз Тоҷикистонанд, вале ҳамааш шаҳрвандии Русияро доштаанд.

Дар сабти видеокамераи назоратии як мағозаи воқеъ дар ин базаи савдо дида мешавад, ки субҳи 26 апрели соли 2022, тақрибан соати 08:45, дар дохили мағозаи фурӯши хушкмева фурӯшанда ва посбон бо ҳам ба забони тоҷикӣ суҳбат доранд. “Инҳоро дар куҷо монем?” –  мепурсад фурӯшанда, ки молҳои мағозаро дар рафҳои он ҷобаҷо мекард. Дар ҳамин лаҳза чанд нафар калтакҳо дар даст ба мағоза ворид шуда, аввал посбонро бо калтак латтукӯб мекунанд ва сипас ба фурӯшанда дармеафтанд.

Телеграм-канали «Сейчас в Чите» бо такя ба як корбар хабар дод, ки ҳамлагагон як рӯз қабл ҳам бо талаби пули қарзи худ ба ин мағоза омада будаанд, вале посухи рад гирифтаанд.

Дар ҷараёни муноқишаи субҳи 26 апрел ҳамлагарон бо ломи оҳанин микроавтобуси моликони мағозаро ҳам осеб расондаанд. Манбаи “Чита.Ру” гуфт, як нафар аз пояш ҷароҳат бардоштааст.

 “Дар инҷо байни савдогароне, ки тиҷораташон фарқ мекунад, муноқиша шудааст. Гӯё яке аз дигарӣ қарздор будааст. Дар натиҷа муноқиша рӯй дод. Ҳамаи иштирокчиён муайян карда шуданд. Ҳамаи онҳо зодаи Тоҷикистон, вале шаҳрванди Русияанд”, — гуфтааст ин манбаъ.

Мавридҳои афзояндаи занозаниҳо байни муҳоҷирон дар Русия мояи нигаронии мақомоти он кишвар шудааст. Ҳоло муҳоҷиронро барои иштирок дар чунин занозаниҳо метавонанд аз Русия барои солҳои тӯлонӣ ихроҷ кунанд.

 Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Моҳи декабри соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Ҳамчунин, моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи як занозании гуруҳӣ дар сохтмони корхонаи коркарди гази Амур дар шаҳри Амурск 82 коргари қирғиз ва 54 коргари тоҷикро аз кор ронданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button