ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

МАРЯМ ИСОЕВА, МОДАРИ ТЕАТРИ ТОҶИК БА СИННИ МУБОРАКИ 85 РАСИД!

Марям Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, яке аз тобонтарин ситораҳои театр ва синамои тоҷик, ба синни мубораки 85 расид.

Исоева Марям Неъматовна 1 майи соли 1937 дар деҳаи Сарихосори ноҳияи Балҷувон ба дунё омада, соли 1954 мактаби миёнаро дар шаҳри Душанбе ва соли 1960 курси Б.Бибиков ва О.Пижоваро дар  ГИТИС, Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарский дар шаҳри Маскав хатм кардааст. Марям Исоева як соли аввал баъди бозгашташ аз Маскав дар театри мусиқию мазҳакавии ба номи Камол Хуҷандӣ дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ҳунарнамоӣ карда, аз соли 1961, инак беш аз 60 сол боз дар саҳнаи театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ нақш меофарад.

Марям Исоева дар тӯли собиқаи эҷодиаш даҳҳо нақшҳои мондагор аз худ ба ҷо гузоштааст. Ӯ ба хусус дар иҷрои нақши модар дар намоишномаҳои гуногун маҳорати фавқулодда нишон додааст ва Майрам Исоеваро дар баробари Мушаррафа Қосимова Модари театри тоҷик ном мебаранд.

Хоҳари ӯ Сайрам Исоева низ ҳунарманди машҳури театру синамои тоҷик буда, тамоми умр дар театри ба номи Камоли Хуҷандӣ кор кардааст.

Марям Исоева тобистони соли 2021 ба коронавирус дучор шуд ва дар тӯли чанд ҳафта дар беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ дар касабаи Зарафшони шаҳри Душанбе таҳти табобат қарор дошт.

Ҷашн муборак, Устураи театри тоҷик!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button