ВидеоКоррупсияМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ҚОЧОҚИ ДУ ЧАРХБОЛ АЗ ТОҶИКИСТОН БА … ҚИРҒИЗИСТОН. ФУРӮШАНДА – НОМАЪЛУМ (3 АКС)

Хадамоти гумруки Қирғизистон рӯзи 23  март хабар дод, ки кормандони гумрук дар фурудгоҳи “Манас” дар канори пойтахти ин ҷумҳурӣ, шаҳри Бишкек аз кӯшиши бо роҳи қочоқӣ ба Қирғизистон ворид кардани ду чархболи тамғаи МИ-8 ва МТВ-1 пешгирӣ кардаанд.

Қочоқи ин ду чархбол дар таърихи 17 августи соли 2021 дар ҳоле сурат гирифтааст, ки марзи байни Қирғизистон дар пайи задухӯрдҳои баҳори соли гузашта аз 20 май барои равуои ҳатто мошинҳои сабукраву боркаш баста шудааст, чӣ расад барои парвози чархболҳо. Аз тарафи дигар, ба далели муносибатҳои пуртаниш ва муноқишаомези ду кишвар дар масоили марзӣ интиқоли техникаи ҳарбӣ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон бояд зери назорати хеле сахт сурат бигирад, агар пурра мамнӯъ нашуда бошад.

Дар иттилоияи гумруки Қирғизистон гуфта мешавад, ки ин ҳолати қочоқи ду чархболро кормандони шуъбаи мубориза бо қочоқи ва қонуншиканиҳои гумрукӣ дар фурудгоҳи “Манас” ошкор кардаанд.

 “Муайян карда шуд, ки рӯзи 17 августи соли 2021 ба қаламрави гумрукии Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) дар Ҷумҳурии Қирғизистон аз шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи ҶДММ “Ф.С.Э” чархболҳои МИ-8 ва МТВ-1 ворид карда шуданд. Тибқи қонунгузории ЕАЭС, ҳангоми ворид кардани молҳо ба қаламрави гумрукии ЕАЭС анҷоми амалҳои гумрукии марбут ба интиқолҳои борҳое, ки бояд аз раванди гумрукӣ гузаранд, пешбинӣ шудааст. Вале дар мавриди ин чархболҳои зикршуда аз замони расиданашон ягон амали гумрукӣ анҷом дода нашудааст. Арзиши ин чархболҳо 640 ҳазор доллари Амрикоро ташкил медиҳад. Ҳаҷми зарари ба давлат расондашуда 3 миллиону 519 ҳазору 723,26 сомро ташкил дод”, – гуфта мешавад дар хабар.

Гумруки Қирғизистон гуфт, ин ҳолатро дар Рӯйхати ягонаи ҷиноятҳо сабт карда, маводи ҷамъшударо ба Додситонии кулли Қирғизистон супурдааст.

Қочоқи ин ду чархбол дар ҳолест, ки равобити Қирғизистону Тоҷикистон бахусус дар як соли охир даврони пуртанишеро сипарӣ мекунанд. Дар як соли охир дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 57 нафар кушта шуда, ҳудуди 270 нафар захмӣ шуданд.

Дар бораи фаъолияти ширкати “Ф.С.Э.”, ки ин ду чархболро аз Душанбе ба номи он фиристодаанд, ягон маълумот дастрас нест. Ин ширкат бо вуҷуди ба тиҷорати чархболҳо машғул шуданаш дар Интернет ҳатто сомонаи худро надорад. Дар бораи ин ки кӣ ё кадом ширкате ин ду чархболро аз Душанбе ба Қирғизистон фиристодааст, низ ягон маълумот то ҳол нашр нашудааст. Қаблан дар бораи чанд мавриди тавассути қамларави Тоҷикистону Қирғизистон ба муштариёни хориҷиашон интиқол додани силоҳу техникаи ҳарбӣ аз ҷониби қочоқбарони силоҳ хабарҳо нашр шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button