ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ЯК САРБОЗИ ЭРОНӢ ДАР РӮЗИ ИДИ НАВРӮЗ САРИ ҚАҲР ЧОР ҲАМХИДМАТАШРО КУШТ

Бино ба гузориши расонаҳои Эрон, рӯзи 21 март як сарбози ҷавон дар ҷануби Эрон чор ҳамхидматашро парронда, якеи дигарро гаравгон гирифтааст.

Хабаргузории Mehr бо такя ба манбаи огоҳаш хабар дод, ки як сарбози тоза ба саффи артиш даъватшуда баъди он ки фармондеҳони қисми низомиаш дар устони Бушеҳр ба ӯ дар рӯзҳои иди Наврӯз иҷозати рафтан ба хонаашонро надодаанд, дар казарма ба сӯи ҳамхидматони худ тир кушодааст. Дар натиҷа, чор нафар ба ҳалокат расидаанд ва ин сарбоз боз як аскари дигарро гаравгон гирифта, аз қисми ҳарбӣ фирор кардааст.

Mehr News баъдтар ҷумлаҳои марбут ба сабаби даст ба куштори ҳамхидматонаш задани сарбозро аз хабараш гирифт ва ба ҷои он навишт, ки ин ҳодиса таҳти таҳқиқ қарор дорад.

Бино ба иттилои манбаи ин хабаргузорӣ, сарбози фирориро дар бандари Дайлам дастгир карда, гаравгонро озод кардаанд.

Устони Бушеҳр дар соҳили халиҷи Форс ҷойгир шудааст.

Тибқи Қонуни асосии Эрон, ҳамаи мардони синнашон аз 18 боло бояд то 2 сол дар артиш хидм ат кунанд, вагарна барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ барои сафар ба хориҷи Эрон иҷозат нахоҳанд гирифт. Аксари даъватшудагон дар артиши Эрон хидмат мекунанд, вале бархе аз онҳо метавонанд бо истифода аз алоқаву нуфузи худ хидмати ҳарбиро дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, ки шароити хидматаш хеле беҳтар аст, адо кунанд.

Моҳи январи соли 2022 Эрон эълон кард, ки барномаи дар ивази пул халос хӯрдани шаҳрвандонро барқарор мекунад. Ҳаҷми маблағ барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ дар ҳаҷми аз 10 ҳазор то 20 ҳазор доллар муқаррар гардида буд, ки мавҷи интиқодҳоро ба бор овард. Мунтақидон мегуфтанд, дар шароити Эрон, ки маоши миёна ҳамагӣ зери 200 доллар аст, чунин маблағи бузургро барои озодӣ аз хидмати ҳарбӣ танҳо фарзандони одамони сарватманд пардохта метавонанд. Дар пайи мавҷи танқидҳо, ҳукумати Эрон ин барномаро алакай баъди як рӯзи эълон шуданаш дигарбора бекор кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button