ВидеоИқтисод

IRS: АЗМАМОН БАРОИ ТАРМИМИ ПУЛИ ДЕҲМОЙ ҚАВИСТ, АЗ НАВ МЕСОЗЕМАШ! (ВИДЕО+12 АКС)

Филиали ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон, ки масъулияти нигоҳубини роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чаноқро бар уҳда дорад, дар робита ба матлаби сомонаи “Bomdod. com”  аз 22 март таҳти унвони “Пули яктарафашудаи Деҳмойро кай барқарор мекунанд?”  бо ирсоли чанд акс иттилоъ дод, ки пулё кӯпруки воқеъ дар километри 267 – уми ин шоҳроҳ ҳанӯз соли 1962 сохта шуда, поя ва сутунҳои марказии он дар тӯли қариб 60 соли истифода аз сабаби рафтуомади зиёди воситаҳои нақлиёт корношоям гаштааст.

Бино ба иттилои ширкат, нӯҳуми марти соли 2021, баъд аз таҳқиқи комиссияи дахлдори таъсисёфта ба намояндагӣ аз вазорати нақлиёт, БДА ва мутахассисони филиали ширкати IRS тасмими ниҳоӣ гирифта шуда буд, ки онро таъмир кунанд.

Бо ин мақсад аллакай як қатор корҳо ба сомон расида, азнавсозии купруки мавриди назар бомаром, тибқи нақша идома дорад. Дар марҳилаи аввал, тибқи тавофуқот демонтаж ё ҷудосозии қитъаоти купрӯки мазкур аз сӯи ширкати ватании “Роҳи ваҳдат” амалӣ гардид.Лоиҳакашиву азнавсозии пулро ширкати муътабари “Чайна Роуд” дар сатҳи хубу сифати баланд пеш бурда истодааст. Азнавсозии ин пули азим хароҷоти зиёдро ба думбол дорад, аммо азми роҳбарияти “IRS” дар робита ба ин масъала қавӣ ва нияташон нек аст. Ҳоло корҳо босуръат идома дошта, чанд рӯз пас насби пояҳои купрук, ки қолабрезӣ шудаанд, шурӯъ хоҳад гашт”, гуфта мешавад дар посухи ширкати IRS ба матлаби “Бомдод”.

Ширкат ҳамчунин зикр кардааст, ки қаблан аз сӯи “IRS” ду кӯпруки азим дар масири Душанбе – Чаноқ дар қаламрави ноҳияи Айнӣ пурра ва бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ азнавсозӣ шуда буд.

Қаблан як гуруҳи ронандагоне, ки бо мошинҳои боркаш тавассути шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бо фураҳои бузург бор мекашоннад, мегӯянд, бо гузашти як сол пули қисман тахрибшуда дар километри 267-уми ин шоҳроҳ дар мавзеи Деҳмойро то ҳол тармим накардаанд.

“Як сол пеш тарафи рости пули Деҳмой аз ҷониби Душанбе фурӯ рафта буд. Аз ҳамон вақт инҷониб ин пул то имрӯз барқарор карда нашудааст. Ваъда дода буданд, ки зуд барқарор мекунанд, вале ҳайҳот”,  – мегӯянд ронандагон.

Дар аксҳои фиристодаи ронандагон дида мешавад, ки ҳаракат тавассути танҳо як тарафи пули Деҳмой сурат мегирад. Тарафи дигари ин пулро, ки фурӯ рафта буд, кандаанд, вале дигар дуруст накардаанд.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминист, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро бо қисматҳои боқимондаи ин ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо пойтахташ, шаҳри Душанбе мепайвандад. То сохта шудани нақби “Истиқлол” дар ин шоҳроҳ ягона роҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистон аз тариқи ағбаи Анзоб буд, ки дар зимистон баста мешуд.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ аз пойтахти Тоҷикистон тавассути кӯҳҳои  Зарафшону шаҳри Хуҷанд то марзи Ӯзбекистон сохта шудааст.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ дар даҳаи аввали асри 21 бо наздики 300 миллион доллар қарзи Хитой навсозӣ шуда, аз соли 2009 масъулияти нигоҳубин ва пулчиниаш ба ширкати IRS вогузор карда шуд. Дар ҳоли ҳозир ин ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст. IRS аз моҳи январи соли 2022 нархи убури ин роҳро дастикам 50% боло бурд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button