ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

БОЗ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР УКРАИНА КУШТА ШУД. УМЕДҶОН ДАВЛАТОВ ҲАМАГӢ 23 СОЛ ДОШТ (АКС)

Дар шаҳри Челябинск маросими видоъ бо сарбози 23-солаи артиши Русия Умедҷон Давлатов баргузор шуд. Умедҷон фарзанди оилаи муҳоҷирони тоҷик буда, дар Челябинск дида ба ҷаҳон кушода буд ва дар ҳаминҷо ба воя расид. Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Метталургическийи шаҳри Челябинск ба сомонаи маҳаллии 74.ru  тасдиқ кардаанд, ки Умедҷон Давлатов дар ҷанги Украина кушта шуд. Ҳоло бародари калонии ӯ низ дар “амалиёти махсус” дар Украина иштирок доштааст. Ҷанозаи Умедҷонро дар қабристони мусалмонӣ дар деҳаи Казантсево дар канори Челябинск ба хок супурданд.

Аз аввали ҷанг,ё “амалиёти махсус” дар Украина алакай дар бораи кушта шудани дастикам 10 тан аз зодагони Тоҷикистон ва фарзандони муҳоҷирони тоҷик хабарҳо ба даст расиданд. Аксари онҳо сарбозони қарордодӣ буданд ва дар саффи артиши Русия хидмат мекарданд.

Паша Айрумян, як дӯсти Умедҷон Давлатов ба журналистон нақл кардааст, ки волидони Умедҷон аз Тоҷикистон ҳанӯз соли 1992 ба Русия кӯчида буданд. “Падару модари ӯ 4 фарзандро ба воя расонданд. Умедҷон дар ноҳияи Метталургический ба дунё омад ва мактаби №74 ва сипас коллеқи давлатии Уралро хатм кард. Умедҷон дар мактаби «Юность-Метар»  таҳти раҳбарии мураббӣ Анатолий Геннадевич Питунин гуштини дзюдо машқ мекард ва дар бошгоҳи «Рем-93» ба машқи ММА (ҷангҳои бидуни қоида) машғул буд”.

Ба гуфтаи ин дӯсташ, Умедҷонро баъди хатми коллеҷ ба хидмати артиш даъват карданд.

“Ӯ дар баталёни разведка дар ноҳияи Чебаркули вилояти Челябинск хидмат мекард. Баъди анҷоми хидмати ҳарбии ҳатмӣ Умедҷон дар артиш ҳамчун сарбози қарордодӣ монд. Ӯ артишро хеле дӯст медошт ва хеле мехост дар артиш хидмат кунад. Ба ҳамин хотир, қарордод баст. Умедҷон як одами хел софдил буд. Дар маросими дафни ӯ мардуми зиёде ҷамъ шуд”, — нақл кардааст Паша Айрумян.

Ҳафтаи гузашта ҷанозаҳои 4 тоҷики дар ҷанги Украина кушташударо ба Тоҷикистон оварданд. Дуи онҳо аз вилояти Суғд ва дуи дигар аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон буданд.

Нирӯҳои Русия рӯзи 24 феврал ба Украина ҳамла карданд. Ҷониби Украина аз кушта шудани ҳудуди 1300 нафар аз ҷониби худ ва чанд ҳазор нафар аз нирӯҳои Русия хабар медиҳад. Вазорати мудофиаи Русия баъди 6 рӯзи аввали ҷангҳо кушта шудани 498 нафар аз афсарону аскарони русро дар Украина тасдиқ кард, вале баъди он дигар ягон арқоми наверо дар бораи талафоташ дар Украина нашр накард. Мақомоти Русия ҳамла ба Украинаро “амалиёти махсуси ҳарбӣ” ном кардаанд ва бо вуҷуди кушта шудани ҳазорон нафар аз ду ҷониб  аз матбуот ва шаҳрвандон боисрор талаб доранд, ки онро ҷанг нагӯянд, танҳо “амалиёти махсус” ном баранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button