ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ПУЛИ ХОНАРО СОЛИ 2016 ГИРИФТ, ВАЛЕ ХОНА ТО ҲОЛ НЕСТ

Сокини 38-солаи ноҳияи Шоҳмансур, ки қаблан ҳам барои қаллобӣ суд шудааст, ба он гумонбар мешавад, ки моҳи марти соли 2016, аз як сокини пойтахт 273 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз ҶДММ “Эъмор” аз бинои навсохтмон дар хиёбони Рӯдакӣ, барояш хонаи якҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол, инак 6 сол боз ваъдаашро иҷро накардааст.
хххххххххх

Сокини 34-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ судшудаи шаҳри Бохтар ба он гумонбар мешавад,  ки моҳи декабри соли 2021 аз оғили як сокини ноҳияи Вахш 2 сар чорвои калонро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 21 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Муайян гардидани қаллобӣ

009

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, моҳи марти соли 2016, бо роҳи фиреб ба боварии марди 27-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 273 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз ҶДММ “Эъмор” аз бинои навсохтмон, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, аз ошёнаи 7-ум хонаи якҳуҷрагиро ҳуҷҷатгузорӣ карда гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани дуздии чорво

048

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 43-солаи сокини ноҳияи Вахш муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2021, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 2-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ходиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button