ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ РОНАНДА ДАР РОҲИ АЙНӢ – МАСТЧОҲ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  дар бораи боз як садамаи марговар дар роҳҳои кишвар хабар дод. Бино ба иттилои мақомот,  19-уми марти соли 2022, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Ҳомидов Мафрӯз Ҳомидович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Айнӣ-Мастчоҳ” дар ҳудуди мавзеи деҳаи Айнӣ-1, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти ҳаракати муқобили роҳ баромада, ба қафои автомашинаи тамғаи “Дулан”, таҳти идораи ронанда, Юнусов Қаҳрамон Раҳмонович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Айнӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Ҳомидов М.Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button