ВидеоМинтақа ва ҷаҳонХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ҶАНУБИ ХИТОЙ ЯК ҲАВОПАЙМО БО 133 МУСОФИР СУҚУТ КАРДААСТ

Рӯзи 21 март  ҳавопаймои ширкати ҳавопайсмоии хитоии “Чайна Истерн Эйрлайнз” (China Eastern Airlines) бо 133 мусофир дар кӯҳҳои ҷануби Хитой суқут кард. Бино ба гузориши матбуоти давлатии Хитой, ин ҳавопаймо аз Кунмин ба Гуанчжоу парвоз мекард.

 Ҳавопаймои суқуткарда тамғаи Boeing 737  ва нав буд: Он соли 2016 сохта шуда, ҳамагӣ 6 сол боз мавриди истифода қарор дошт.

Дар бораи сабаби суқути ҳавопаймо ва шумораи қурбониёни ин ҳодиса маълумоте то ҳол вуҷуд надорад. Шабакаи телевизионии Хитой CCTV хабар дод, ки наҷотбахшон алакай дар роҳ ба сӯи маҳалли суқути ҳавопаймо қарор доранд. Вале бархе шабакаҳо видеои лаҳзаи суқути ин ҳавопаймо ва ҳамчунин сабтҳои аввалин аз маҳалли суқути онро нашр кардаанд.

Бино ба иттилои пойгоҳи Flightradar24, ки парвози ҳавопаймоҳоро дар саросари ҷаҳон пайгирӣ мекунад, ҳавопаймо аз фурудгоҳи Кунмин соати 13:11 ба вақти мазаллӣ (05:11 ба вақти Гринвич ва 11:11 ба вақти Душанбе) ба қасди Гуанчжоу ба ҳаво хест ва мебоист соати 15:05 ва вақти маҳаллӣ ба ин шаҳри бузургтарини ҷануби Хитой мерасид. Аммо баъди як соати парвоз,  соати 14:22 ба вақти маҳаллӣ (06:22 ба вақти Гринвич ва 12:22 ба вақти Душанбе) ин ҳавопаймо дар баландии қариб як километр ва бо суръати қариб 700 километр дар як соат аз радарҳо ғайб зад.

Кунмин бо 8,5 миллион аҳолӣ дар ҷанубуғарби Хитой ҷойгир шуда, маркази устони Юннан мебошад. Аммо Гуанчжоу (собиқ Кантон), маркази маъмурии устони Гуандунро ба далели аҳамият ва бузургиаш пойтахти ҷанубии Хитой низ меноманд. Гуанчжоу бо беш аз 14 миллион аҳолӣ баъди Шанхай ва Пекин сеюмин шаҳри сераҳолитарини Хитой ба шумор меравад. Суқути ин ҳавопаймои мусофирбари Хитой дар ҳолест, ки  ин кишвар дар як даҳсолаи охир аз лиҳози амнияти парвозҳо дар ҷаҳон яке аз беҳтаринҳо дониста мешуд. Бино ба омори созмони байналмилалии Шабакаи амнияти авиатсионӣ (Aviation Safety Network),  охирин ҳодисаи маргбори суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Хитой соли 2010 рӯй дода буд. Он сол ба сабаби бад будани обуҳаво ҳавопаймои тамғаи “Эмбраер 190” (Embraer E-190) аз ширкати маҳаллии “Ҳеннан Эйрлайнз” (Henan Airlines) ҳангоми нишастан дар фурудгоҳи шаҳри Ичун дар шимолуғарби Хитой суқут кард. Дар натиҷаи ин садама, 44 нафар аз 96 мусофири ин ҳавопаймо ҳалок шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button