ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

БЛОГЕРИ БАДАХШОНӢ ХУШОМ ГУЛЯМРО БАЪДИ 13 СОАТ “СУҲБАТ” ДАР КДАМ ҶАВОБ ДОДААНД

Алим Шерзамонов, яке аз роҳбарони оппозитсияи тоҷик, ки дар Аврупо ба сар мебарад, шаби 20 ба 21 март дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки блогери зодаи Бадахшон Хушом Гулям озод шудааст. Рӯзи 20 март Шерзамонов аввалин шуда, аз боздошти Хушрӯз Ҷумъаев, маъруф бо тахаллуси Хушом Гулям аз ҷониби кормандони раёсати КДАМ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) хабар дода буд.

Мақомот то кунун хабари боздошту раҳоии ин блогери бадахшониро расман шарҳ надодаанд. Вале Алим Шерзамонов рӯзи 21 март дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” бо такя ба манобеи худ дар Хоруғ бархе тафсилоти раҳоии Хушом Гулямро нақл кард: “Бино ба иттилои расида, аз соати даҳи субҳ бо ёздаҳи шаб бозпурсӣ карда, баъд ҷавобаш додаанд. Вале бозпурсии ӯ дар бинои раёсати КДАМ гӯё бидуни протокол, дар шакли суҳбат баргузор шудааст. Прокурор низ ба идораи КДАМ омада, Хушом Гулямро ҳаминҷо бозпурсӣ кардааст”.

Алим Шерзамон афзуд, ки ба чӣ муттаҳам шудани Хушом Гулям ҳамчунон норӯшан боқӣ мемонад: Фақат гӯё сӯҳбат будаст бе ягон иттиҳом.”

Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Гулям) набераи Шодавлат Шодавлатов, раиси собиқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд. Бобои ӯ як ҳафта пеш, шаби 14 март аз олам чашм пӯшид.

Ба гуфтаи як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Хушом Гулям  рӯзи 20 март замоне аз ҷониби кормандони амният дастгир шуд, ки аз Шоҳдара ба маркази вилоят омада буд.

Бино ба иттилои Алим Шерзамонов, Хушом Гулям баъди ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 аз Душанбе ба Бадахшон рафта, бо аъзои комиссияи 44, ки аз ҳисоби намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ барои музокирот бо мақомот ва назорати ҷараёни иҷрои талабҳои эътирозгарони Хоруғ ташкил шудааст, фаъолона ҳамкорӣ дошт.

Хушом Гулям аз ҷавонони фаъоли бадахшонӣ ба шумор мерафт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар дар бораи  таъриху забонҳо ва фарҳанги мардуми Помир матлабҳо нашр мекард. Аммо баъди ҳаводиси ахири Хоруғу Роштқалъа ӯ дар чанд матлабаш аз талабҳои эътирозгарони Хоруғ, ки ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорони марги Гулбиддин Зиёбеков ва бардоштани посгоҳҳоро талаб доштанд, ҳимоят карда буд.

Pamir Daily News, пойгоҳи хабарие, ки масоили Бадахшонро пайгирӣ мекунад, навишт, ки Хушом Гулям бо доираҳои ҷиноӣ ва дигар доираҳо рабт надошт ва намояндаи ҷавонони равшанфикр ба шумор мерафт.

Баъди эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Бадахшон чандин нафар аз фаъолони бадахшонӣ ба ҳабс гирифта шуданд.  Аз ҷумла варзишгари маъруфи зодаи Бадахшон Чоршанбе Чоршанбиев ва яке аз роҳбарони ҷамъияти бадахшониҳои Русия Амриддин Аловатшоевро аз Русия оварданд ва чандин нафари дигар, аз ҷумла Содиқ Амадбеков ва Тӯтиё Амиршоев дар фурудгоҳи Душанбе ва узви комиссияи 44 Ифтихор Саидбеков дар Хоруғ дастгир шуданд.

Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ рӯзи 18 март дар як ҷаласа гуфт, баъди ҳодисаҳои ахир 27 узви 5 гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ ва 6 қочоқбари маводи мухаддир дастгир шудаанд. Мақомот мегӯянд, 15 тан аз аъзои гуруҳҳои ҷиноии Бадахшон, аз ҷумла Содиқ Амадбеков гӯё худашонро ихтиёран ба мақомот супурдаанд.

Бо  ин ҳол, дар робита ба куштори Гулбиддин Зиёбеков, ки сабаби эътирозҳо дар Хоруғ шуд, бо гузашти қариб чор моҳ ягон нафари гунаҳкор муайян ва дастгир нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button