ВидеоҶомеа

АКАҲОИ ҶОН, КУМАКАМ КУНЕД! ЮСУФҶОН АЗ АСП АФТИДУ ГАРДАНАШ ШИКАСТ (ВИДЕО)

Ҳар ҷавон дар дил орзуе дорад, ки ба воя бирасам ва ба падару модар ва Ватан  хидмат кунам. Аммо ин ҷавони маъюб аз мо, ҳаммеҳанони азиз, кумак металабад.

Аёзов Юсуфҷон, санаи таваллудаш 18-уми феврали соли 1994, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир), ҷамоати Ваҳдати миллӣ, деҳаи Тутзор, хонаи 53 мебошад. Аёзов Юсуфҷон 27 январи соли 2014 аз асп афтид ва гарданаш шикаста, ҳароммағзро зер кард. Дар натиҷа, бадани ӯ аз гардан поён кор намекунад ва маъюби гурӯҳи якум мебошад.

Тӯли 9 сол мешавад, ки дар болини бистарӣ аст. Табибони ватанӣ тавсия додаанд, ки Юсуфҷонро ба Ҳиндустон бурда, ҷарроҳӣ намоянд.

 Ба Ҳиндустон бурданд, вале ташхиси онҷо нишон додааст, ки ҳароммағз аз кор мондааст. Ба ин сабаб аз Ҳиндустон бе ҷарроҳӣ ба Ватан баргаштаанд.

Нафаре тавсия додааст, ки ба Қазоқистон баранд. Бурданд, дар онҷо ҷарроҳиаш 5 соат давом ёфт, вале натиҷаи мусбат наовард, ҳоли Юсуфҷон беҳтар нашуд.

Юсуфҷон мегӯяд: Акаҳои ҷон, ин аст ҳоли ман: пуштам яра шудааст, дасту пойҳоям қат шудаанд, тоб хӯрда наметавонам. Рӯз ба рӯз ҳолам вазнин шуда истодааст, маблағе надорам, ки барои яраҳоям марҳам (маз) ё дору гирам, бимолам. Чӣ кунам, намедонам. Танҳо рӯ ба Худои бузургам аст, танҳо хоҳишу илтимосам ин аст, ки ба қадри имкон ҳамватанони хайрхоҳам ба мани маъюб кумак кунанд. Ба маблағ ниёз дорам. Шабу рӯз хобам намебарад, Ду дар хона дорам, бомаш нопӯшонда. Дар вақти борони мечакад. Фақат дар фикри ҳаминам. Илтимос, ягон роҳашро ёбед, маро аз ҳамин ғаму ғусса озод намоед, ҳамватанон,  дар хоки поятон бимирам…

Корти миллӣ Душанбе Сити 9762000026658426

Телефон: +992881001205

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button