ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

15 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ ЯК УЗВИ “КОМИССИЯИ 44”-РО ДАР ХОРУҒ БО ҶУРМИ “МАЙДААВБОШӢ” (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ифтихор Саидбеков, як узви “комиссияи 44”, як ниҳоди ҷамъиятиеро, ки аз ҳисоби намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ барои музокирот бо мақомот ва назорати ҷараёни иҷрои талабҳои эътирозгарони Хоруғ ташкил шудааст, ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст. Ифтихор Саидбеков рӯзи 10 март дар посгоҳи БДА дар маркази Хоруғ ҳангоми … пиёда аз роҳ гузаштанаш дастгир шуд ва инак 11 рӯз боз пушти панҷара қарор дорад ва қарор аст, 25-уми март раҳо шавад.

Ин хабарро ба Радиои Озодӣ дар раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон ва ҳамчунин дар “коммисияи 44” низ тасдиқ кардаанд.

Хуҷамрӣ Пирназаров, сухангӯи “комиссияи 44” рӯзи 21-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, пайвандони Саидбеков то ин дам ду бор бо ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ суҳбат карданд.

Як манбаъ дар Раёсати умури дохилии Бадахшон бе зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “Ифтихор Саидбеков ба авбошӣ гунаҳкор шуд ва аз кардаи худ пушаймон аст.”

Дар наворе, ки телевизиони давлатии “Бадахшон” дар нимаи аввали моҳи март нишон дод, Саидбеков рафтори дағалонаи худро бо нозирони роҳи маҳаллаи Тирчиди Хоруғ эътироф карда, аз ҷавонон хоста буд, “бо намояндаҳои мақомоти интизомӣ бадрафторӣ накунанд”.

Вале маълум нест, ки ин навор дар чӣ шароите сабт шудааст? Дар гузашта шикоятҳо аз истифодаи шиканҷа барои ба даст овардани эътирофи дастгиршудаҳо садо додааст.

Ҳуқуқшинос Фаромӯз Иргашев, яке аз роҳбарони “комиссияи 44” қаблан ба боздошти Ифтихор Саидбеков эътироз карда, гуфта буд, ки ӯро ҳангоми пиёда аз роҳ гузашта дастгир кардаанд”.

Маркази матбуоти шуъбаи милитсияи шаҳри Хоруғ қаблан хабар дод, ки санаи 10-уми марти соли ҷорӣ, тахминан соати 12:20, шаҳрванд Саидбеков Ифтихор Назарбекович, соли таваллудаш 1995, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ҷомӣ, бинои 15, дар дидбонгоҳи доимии Бозрасии давлатии автомобилӣ, воқеъ дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ  ба кирдорҳои авбошона даст зада, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таҳқир намудааст.

Тафсилоти дигари ин ҳодиса то ҳол нашр нашудааст ва маълум нест, ки оё байни ин сокини ҷавони Хоруғ ва кормандони БДА дар дидбонгоҳ чӣ гузашт? Мақомот иддао доранд, ки Саидбеков гӯё кормандони милисаро дар заминаи маҳалгароӣ ва бадбинӣ таҳқир кардааст.

Вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз поёни моҳи ноябр ба ин тараф, инак қариб 4 моҳ боз ноором боқӣ мемонад. Аъзои “комиссияи 44” аз он шикоят доранд, ки мақомот ба зидди сокинон барои  латтукӯби кормандони мақомот дар рӯзҳои эътирозҳо ва ҳатто барои дарахтбурӣ  чандин парванда кушодаанд, вале дар робита ба марги сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин  Зиёбеков, ки сабаби эътирозҳо дар Хоруғ шуд, то имрӯз ягон гумонбаршавандаро муайян ва дастгир накардаанд.

Зиёбеков рӯзи 25 ноябр ҳамагӣ чанд соат баъди боздошташ ба таври мармуз кушта шуд. Наздиконаш дар марги ӯ кормандони мақомоти қудратиро гунаҳкор мешуморанд.

Дар ҷараёни эътирозҳои моҳи ноябр дар Хоруғ боз ду нафари дигар: сокини Роштқалъа Тӯтишо Амиршоев ва сокини Хоруғ Гулназар Муродбеков кушта ва дастикам 15 каси дигар захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button