ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД КУШОДА ШУД (ВИДЕО)

Ширкати IRS, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе –  Хуҷанд –  Чаноқ нимаи аввали рӯзи 12 март хабар дод, ки баъди тақрибан як шабонарӯзи баста будани роҳ ҳаракати нақлиёт аз самти Хуҷанд ба сӯи Душанбе шурӯъ шуд. Баъди чанде ширкат щабар дод, ки ҳаракати мошинҳо ба ҳарду самт имконпазир шудааст.

Нимаи дуюми рӯз ҳушдор омад, ки: “Дар масири Душанбе – Чаноқ то ҳанӯз фаромадани тарма идома дорад. Ҳарчанд роҳ дар маҷмӯъ кушода аст, вале бо мақсади бартараф намудани тармаҳои нав фаромада шояд дар баъзе маврид ҳаракати нақлиёт муваққатан боздошта шавад. Бинобар ин, аз шаҳрвандон хоҳишмандем моҳияти иқдоми мазкурро дарк намоянд ва тавсияҳои кормандони моро ба назар гиранд”.

Ҳаракати васоили нақлиёт дар роҳи Душанбе –  Хуҷанд –  Чаноқ аз 8 март ба ин тараф инак чанд дафъа боз масдуд карда мешавад. Бори охир субҳи 11 март ҳаракати нақлиётро тавассути ин ягона шоҳроҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистон вақт манъ карданд, ки дар километри 80уми роҳ як тармаи бузург бо 5 метр баландӣ ва 48 метр паҳнӣ фурӯ рехт. Дар давоми рӯз дар  ин роҳ боз чанд тармаи дигар зад ва IRS гуфт, то замони тоза кардани ин тармаҳо равуои нақлиёт тавассути ин шоҳроҳ номумкин мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки давоми як шабонарӯзи гузашта дар кишвар 8 ҳолати фурӯ рехтани тармаҳо сабт шудааст. Аз ин  шумор 6 тармааш дар Душанбе –  Хуҷанд –  Чаноқ фурӯ рехтааст. Аз ҷумла рӯзи 11 март дар километрҳои 64,65 ва 66-уми роҳи Душанбе – Варзоб ва километрҳои 80, 154 ва 165уми роҳи Душанбе – Айнӣ, ҳамчунин дар километри 8-уми роҳи Хоруғ – Ишкошим ва километри 622-юми роҳи Хоруғ – Мурғоб тарма фаромада, боиси манъи ҳаракати нақлиёт дар ин роҳҳо шудааст. Кумита гуфт, бар асари ин офатҳои табиӣ, хушбахтона, касе осеб надидааст ва роҳи Хоруғ – Ишкошим алакай боз карда шуда, корҳо барои аз нав кушодани роҳи Хоруғ – Мурғоб идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, наҷотбахшонаш дар ин рӯзҳое, ки хатари тармаву сангрезӣ зиёд шудааст, дар роҳҳои оассии кӯҳистонии кишвар: роҳи Душанбе – Хуҷанд ва роҳи Душанбе – Ванҷ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button