ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

АЗ ПАДАР БА ПИСАР: ТУРКМАНИСТОН ПРЕЗИДЕНТИ НАВ ИНТИХОБ МЕКУНАД

Рӯзи 12 март дар Туркманистон, як кишвари сархор аз захираҳои нафту гази Осиёи Марказӣ, интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор мешавад. Овоздиҳӣ соати 7 субҳ оғоз ёфт ва то соати 21 шаб давом мекунад. Президенти Туркманистон барои 7 сол интихоб мешавад.

Се номзади мухолифин, ки аз азми худ барои пешбарии номзадиашон дарак доданд, ба овоздиҳӣ роҳ наёфтанд. Дар натиҷа, 3,4 миллион интихобкунандаи туркман бояд аз байни 9 номзад раҳбари ояндаи худро интихоб кунанд.

8 тан аз ин номзадҳо нафарони барои ҷомиа ноошно буда, ба эҳтимоли ғолиб, танҳо ба хотири “алтернативӣ” ҷилва додани интихобот ва додани машрӯияти бештар ба пирӯзии номзади асосӣ сабти ном шудаанд. Номзади асосӣ ва ғолиби аз пеш маълуми интихобот, бидуни шак, Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола, писари ягона ва вориси курсии президенти кунунии Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аст. Падари ӯ 11 феврал дар нишасти тантанавии бахшида ба 15-солагии раёсаташ ба таври ногаҳонӣ эълон кард, ки хаста шудааст ва аз ин рӯ, аз мақоми президентӣ канор рафта, “роҳро барои ҷавонон мекушояд”. Тавре маълум шуд, манзури ӯ аз “роҳ кушодан ба ҷавонон” роҳ кушодан ба писари худаш будааст.

Агар пирӯзии Сардор Бердимуҳаммадов расмӣ шавад, ин нахустин мавриди аз падар ба писар супурдани ҳукумат дар Осиёи Марказӣ  ва дуюмин чунин маврид дар Шӯравии собиқ хоҳад шуд. Озарбойҷон дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ нахустин ҷумҳуриест, ки таҷрибаи интиқоли қудрат аз падар ба писарро ҳанӯз соли 2003 таҷриба карда буд. Президенти вақти ин кишвари саршор аз манобеи нафти Қафқози ҷанубӣ Ҳайдар Алиев, ки дар бистари марг қарор дошт, тавонист пеш аз даргузашти худ писараш Илҳом Алиевро ба ҷои худ президент кунад.

Дар Тоҷикистон низ чанд сол боз тайёрӣ ба интиқоли қудрат аз президент Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустами Эмомалӣ идома дорад, вале то кунун як силсила омилҳои беруна ва ҳам мухолифати бархе элитаҳои дохилӣ монеи амалӣ сохтани ин нақша шуда буд.

Баъди онки дар Қазоқистон президенти кунуниаш Қосим-Жомарт Тоқаев бо истифода аз эътирозҳои хунини моҳи январ бар хилофаи тааҳҳудоти қаблиаш президенти собиқ Нурсултон Назарбоев ва аҳли оилаву одамони ӯро аз қудрат берун андохт, гумон аст, ки дигар ягон ҳокими худкома риск кунад ва курсии худро ҳатто “муваққатан” ба ягон “бегона” бовар кунад.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, духтури дандон ва собиқ вазири тандурустии Туркманистон, дар аввали соли 2007 дар пайи даргузашти Сафармурод Ниёзов, мулаққаб ба Туркманбошӣ, ки аз соли 1986 роҳбари ин ҷумҳурии саршор аз манобеи нафту гази Осиёи Марказӣ буд, ба қудрат расид. Соли 2007 Бердимуҳамадов бо баргузории як интихоботи дигар замони раёсаташро то соли 2024 тамдид карда буд.  Бердимуҳаммадов ҳамчун президент бештар бо амалҳои аҷибу ғарибаш, мисли пианинову гитар навохтану бо набераҳояш сурудҳои эҷодкардаи худашро хондан, машгқи варзиш дар толори фитнесаш ваё ба сарбозони нирӯҳои вижа (спетсназ) ёд додани тирпарронию кордпартоӣ дар  зеҳнҳо нақш бастааст.

Вале ӯ рӯзи 11 феврал дар ҷаласаи ғайринавбатии Халқ Маслиҳати, маҷлиси болоии парлумони кишвараш, ки ба 15 соли президентии ӯ ихтисос ёфта буд, гуфт, хаста шудааст ва мехоҳад аз ин мақом канор рафта, роҳро барои ҷавонон бикушояд. Бердимуҳаммадов таъкид кард, ки аз раҳбарӣ пурра намеравад: “Ман ба синни Паёмбар расидам. Ва ба ақидае омадам, ки дар ин марҳалаи руҳди кишвар бояд роҳи идораи давлатро барои раҳбарони ҷавон бикушоем. Ман мехоҳам таҷрибаи сиёсии худро дар оянда ҳамчун раиси Халқ Маслиҳати истифода барам”.

Сардор Бердимуҳаммадовро, ки моҳи сентябри соли 2021 ба синни 40 расид ва ҳаққи пешбарии номзадиаш ба президентиро ба даст овард, кайҳо боз  ҳамчун вориси эҳтимолии тахту тоҷи падараш рақам мезананд.

Сардор Бердимуҳаммадов 22 сентябри соли 1981 дар Ишқобод  дар хонаводаи Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, ки он вақт як духтури дандон буд, ба дунё омадааст. Ӯ ду хоҳар дорад: Гулҷаҳон ва Гулшан.  

Сардор Бердимуҳаммадов соли 2001 Донишгоҳи кишоварзии Туркманистонро бо ихтисоси муҳандис технолог ва баъдан Академияи дипломатии Маскавро хатм кардааст. Бердимуҳаммадови хурдӣ чандин сол дар Иттиҳодияи саноати хӯрокворӣ ва сипас дар сафорати Туркманистон дар Маскав  ва намояндагии кишвараш дар идораҳои Созмони Милал дар Женева кор карда, моҳи августи соли 2014 рисолаи номзадӣ ва алакай моҳи июни соли 2015 рисолаи докториашро ҳимоя карда, соҳиби унвони доктори илмҳои техникӣ шуд.

Ҷаҳиш дар карйераи писари президент соли 2016 бо таъйиноти ӯ ба мақоми раиси департаменти иттилоотии вазорати хориҷаи Туркманистон оғоз ёфта, Сардор Бердимуҳаммадов алакай 30 марти соли 2018 муовини вазири хориҷа, 1 январи соли 2019 муовини ҳоким ва 18 июни ҳамон сол алакай ҳокими вилояти Ахал таъйин шуд. 7 феврали соли 2020 писари президент вазири саноат ва 11 феврали соли 2021 муовини сарвазир таъйин шуд. Ва он ҳам дар ҳоле ки дар Туркманистон то ин дам мақоми муовини сарвазир ва ҳамчунин мақоми сарвазир вуҷуд надошт ва кобинаи вазиронро худи президент роҳбарӣ мекунад.

Сардор Бердимуҳаммадов соли 2001 издивоҷ кардааст. Зиндагии оилаи Бердимуҳаммадовро пушти пардаи асрор қарор дорад, вале бино ба иттилои манобеи гуногун, Сардор Бердимуҳаммадов ва ҳамсари ӯ Оғулгерек 4 фарзанд — як писар ва се духтар доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button