ВидеоИқтисод

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ЯКБОРА РЕХТАНИ 46 ТАРМА РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНДРО БАСТ

Ширкати IRS, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе Хуҷанд Чаноқ, ягона роҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистон хабар дод, ки давоми як шабонарӯзи охир дар ин рох 46 тарма фаромадааст ва ба ин далел, ин шоҳроҳ барои равуои нақлиёт масдуд карда шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки  як тарма ҳатто маҷрои дарёи Варзобро барои беш аз як соат баст. Ин кумита аз рехтани як тармаи дигар дар ноҳияи Рӯшон хабар дод.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 8 март, тахминан соати 16:10, дар километри 550-уми роҳи Душанбе Кӯлоб Хоруғ Қулма дар мавзеи Химбеҳкени деҳаи Пастхуфи ноҳияи Рӯшон тарма омад ва роҳро муваққатан баст. Ҳаракати мошинҳо дар ин қисмати роҳ танҳо соати 17:30 аз сар гирифта шудааст.

Вале вазъи аз ҳама вазнин ҳоло дар роҳи Душанбе Хуҷанд Чаноқ мушоҳида мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, субҳи рӯзи 8-уми март, тахминан соати 11:30, аз сабаби бориши барфу борон дар километрҳои 63, 66 ва 68-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ тарма сабабгори муваққатан баста шудани роҳ шуд.  Баъди тоза кардани роҳ, ҳаракати мошинҳо аз соати 14:00 аз сар гирифта шуд, вале дар натиҷаи бориши барфи тар тахминан соати 17:33 дар километрҳои 64-ум ва 72-юми самти роҳи Душанбе-Чаноқ тарма фаромада, роҳ  боз масдуд шуд.

Тахминан соати 21:00 дақиқа роҳ  дар ин мавзеъҳо аз тарма тоза карда шуд, вале шаби 09.03.2022 тахминан соати 01:00, дар километри 48-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ тарма омад ва роҳи автомобилгардро маҳкам намуд. Ниме аз аз тарма ба дарё сарозер шуд ва маҷрои дарёро ҳам баст.

Мавҷи пуршӯр то соати 02:14 дақиқа ғарами барфро рахна ва роҳи худро озод кард. Бо кумаки техникаи ширкати IRS паёмади тарма дар роҳ низ бартараф карда мешавад. Айни замон роҳи Душанбе-Чаноқ аз ҳарду самт муваққатан баста аст.

Ширкати IRS  хабар дод, ки рафъи оқибаҳои тарма идома дорад.

“Муваққатан боздоштани гузариши нақлиёт, пеш аз ҳама, ба таъмини бехатарии шумо дахл дорад.  Кормандони мо, ки аз дирӯз инҷониб 46 тармаи хурду бузургро бартараф намуданд, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар наздиктарин фурсат ҳаракати муназзам ва бехатари нақлиёт таъмин гардад”, навиштааст ин ширкат.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button