ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: БАРОИ ЯК САЛФЕТКА… ЗАНОЗАНИИ БАЙНИ САДҲО МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ ДАР ГПЗ АМУР

Ду рӯз боз дар сохтмони корхонаи коркарди гази Амур (Амурский ГПЗ) байни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Қирғизистон занозаниҳои оммавӣ идома дорад. Ин корхона дар канори шаҳри Благовешенск, маркази маъмурии вилояти Амур, дар минтақаи Шарқи дури Русия сохта мешавад ва ба сохтмони он танҳо дар ширкати “ВелесСтройМонтаж” 9 ҳазор коргар, аксар муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кор гирифта шудаанд.

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” бо ирсоли видеоҳои ду рӯзи занозаниҳо, хабар доданд, ки дар ГПЗ Амур ҳудуди 500 коргари тоҷику қирғиз аз гиребони якдигар гирифтанд.

Бино ба нақли ҳамсуҳбатони “Бомдод”, бетартибиҳо рӯзи 8 март дар ошхонаи ширкати “ВелесСтройМонтаж”  дар як заминаи сирф маишӣ, ё ба қавли тоҷикҳо, барои як гапи дупула сар шудааст. Коргарони тоҷик гӯё пеш ҳам аз тарзи хидматрасонии кормандони ошхона, ки бештараш занони зодаи Қирғизистон будаанд, норозигӣ карда, мегуфтаанд, ки гӯё пешхидматҳои қирғиз ба ҳамватанҳои худ хӯроки бештар дода, ба коргарони тоҷик баракс кам медиҳанд.

Рӯзи 8 март бошад, гӯё як коргари тоҷик аз зани пешхидмати қирғиз салфетка хостааст ва ӯ ин салфеткаро ё надодааст, ваё додаасту вале ба зарда ба рӯи коргари тоҷик партофтааст.

Дар ҳар сурат, ин нофаҳмии ночиз билофосила ба як ҷанҷоли бузург бо иштироки садҳо нафар аз ҳарду тараф табдил ёфтааст. Дар видеои рӯзи аввали занозанӣ дида мешавад, ки муҳоҷирон ба сӯи якдигар ҳама чизе, ки пеш меояд, аз ҷумла мизу курсӣ ва косаву табақ ва дигар зарфу ашёро мепартоянд ва якдигарро зери борони мушту лагат мегиранд.

Рӯзи 9 март муҳоҷирони тоҷику  қирғиз дубора аз гиребони якдигар гирифтанд, вале ин дафъа дар саҳни барфпӯши майдони сохтмон.

Баъди рӯзи дуюм ҳам такрор шудани занозаниҳо, маъмурияти ширкати “ВелесСтройМонтаж” тасмим гирифтааст, ки масъаларо бо чораҳои шадид ҳал кунад. Манобеи “Бомдод” хабар доданд, ки маъмурият қарор кардааст, ки тамоми муҳоҷирони дар занозаниҳо иштироккардаро бидуни ягон чуну чаро аз кор берун биандозанд. Маъмурият ҳамчунин гуфтааст, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъалаи аз Русия ихроҷ кардани муҳоҷирони шӯрапуштро ҳам матраҳ мекунад.

Қарори маълум, моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Моҳи декабри соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button