ВидеоТаърихҲуқуқи инсон

СОЗМОНИ МИЛАЛ АЗ ТОҶИКИСТОН ХОСТ, ҒАФФОР СЕДОЙРО ОЗОД КУНАД

Гуруҳи кории Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки генерали 66солаи зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, маъруф ба Ғаффор Седойро озод кунад.  Ҳуқуқдонҳои байнулмилалӣ пас аз таҳқиқи қазияи ӯ гуфтаанд, “ҷараёни боздошту ҳабс, эълони ҳукм ва муҳлати нигаҳдории Мирзоев бо нақзи фаровони қонунҳои Тоҷикистон сурат гирифт”. Созмони Милал гуфтааст, тибқи қонунҳои Тоҷикистон, Ғаффор Седой бояд ба 15 соли зиндон маҳкум гардида, ҳанӯз тобистони соли 2019 озод мешуд.

 Ғаффор Седой, фармндеҳи собиқи Гвардияи президентӣ ва раҳбари собиқи Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон соли 2004 боздошт ва ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Вале додситонии кул ва мақомоти дигари Тоҷикистон дар посухи худ ба Созмони Милал ба “дуруст” ва “мутобиқ бо қонунҳои Тоҷикистон” будани боздошту ҳабси Ғаффор Мирзоев таъкид кардаанд.

Хулосаҳои коршиносон ҳанӯз рӯзҳои 15-19-уми ноябри соли 2021 баррасӣ шуда, матни онро нав дар сомонаи гуруҳи кории Созмони Милал гузоштаанд.

Гуруҳи кории СММ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки Ғаффор Мирзоевро озод кунанд

Хиромон Бақозода, Радиои Озодӣ

Ҷузъиёти қазия

Дар матни хулосаҳо, аз ҷумла омадааст, Мирзоев 6-уми августи соли 2004 дар ҳоле боздошт шуд, ки аз замони таъин шуданаш ба мансаби раиси Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир муддати кӯтоҳе гузашта буд. Ӯ то он замон, аз соли 1995 то январи 2004, дар мақоми фармондеҳи Горди президентӣ ва солҳои 2001-2004 ба ҳайси раиси Кумитаи олимпӣ кор кардааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 7-уми июли соли 2007 ҳукми додгоҳҳои зинаҳои поёниро тасдиқ карда, ӯро барои нақзи 28 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла, куштору гаравгонгирӣ, тамаъҷӯӣ, нигаҳдории силоҳ ва маводи тарканда ба ҳабси абад маҳкум кард.

Дар посухи ҳукумати Тоҷикистон ба СММ гуфта шудааст, ки дар ҷараёни мурофиаҳо ҳуқуқи Мирзоев риоя шуда, дар ҳама марҳилаҳои додгоҳӣ “шахсан иштирок кард” ва чор вакил аз ҳуқуқи ӯ дифоъ карданд.

Мақомот гуфтаанд, “онҳо пеш аз мурофиаҳо бо парванда шинос шуданд”, “иҷозаи истифода аз компютер доштанд”, “290 ҷабрдидаву шоҳид аз ҷониби доситон, Мирзоев ва вакилонаш пурсида шуданд” ва “вакилон имкон доштанд, ҳар ваҷҳи парвандаро омӯхта, посухи худро бидиҳанд”.

Гурӯҳи кории СММ мегӯяд, мурофиаи додгоҳии Ғаффор Мирзоев ба таври боз барпо нашуд, дар ҳоле ки метавонист “барои дарки беҳтари” парвандаву ҷузъиёти он мадад кунад. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷавоб гуфтааст, қонуншиканиҳое, ки аз ҷониби Мирзоев содир шудаанд, ба давраи кораш дар мақомҳои раҳбарӣ ва “сирри давлатӣ” рабт, аз ин рӯ, дар пушти дарҳои баста баргузор гардид.

Ғаффор Мирзоев дар додгоҳ гуфтааст, ҳабсу маҳкумияташ “одилона нест” ва “дорои ангезаҳои сиёсӣ” мебошад. Муҳаққиқони СММ тахмин мекунанд, ки қазияи Мирзоев “сиёсӣ” аст ва ба “пуштибонии эҳтимолии ӯ аз номзадҳои дигар ба мақоми президентӣ” рабт дошт, ки “дар фикри табаддулоти давлатӣ” буданд. “Вале ҳеч гоҳ далели чунин иттиҳомоти ҷиддӣ ба таври ошкор пешкаш нашудааст,” — мегӯянд ҳуқуқшиносони байнулмилалӣ.

Ҳукми баҳсбарангез

Яке аз танқидҳои гурӯҳи кории СММ ба муҳлати ҳабси Мирзоев ва мутобиқ набудани он ба қонунҳои кишвар рабт мегирад. Аз ҷумла, таъкид шудааст, ки замони ҳабсу эълони ҳукми Мирзоев ба ҳукми қатл мораторий эълон шуд, аммо ҳабси абад, ки то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекард, пойбарҷо буд. Бар асоси ин ҳисобҳо ва маҷмуи иттиҳомоти мақомот, ҳуқуқшиносони байнулмилалӣ ба хулосае омадаанд, ки додгоҳ бояд ӯро ба 15 сол зиндон ҳабс мекард ва ӯ 6-уми августи соли 2019 озод мешуд.

Ба ҳисобҳои онҳо, дар сурати татбиқ шудани меъёри 25 сол зиндон ҳамчун муродифи ҳукми абад санаи озод шудани ӯ соли 2029 фаро мерасад. Вале дар посухи ҳукумат ба СММ ба дуруст будани ҳисобу китобҳои мӯҳлати ҳабси Мирзоев таъкид шудааст.

Истиқбол аз хулосаҳои СММ

Вакили дифоъ Скотт Мартин, ки қазияи Мирзоевро моҳи августи соли 2020 ба унвонии СММ фиристодааст, гуфт, аз хулосаҳои ҳуқуқшиносони байнулмилалӣ ва талаби озодии ӯ розӣ аст.

Ба гуфтаи вай, паёми гузориш ин аст, ки “маҳрум кардани Мирзоев аз озодӣ хилоф бо Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мебошад”. Вай 7-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Хулосаи арзёбиҳо ин аст, ки ӯ бояд билофосила озод шавад, ҷубронпулӣ бигирад ва ҳам тамоми қазияаш дар робита бо боздошту ҳабси худсаронааш таҳқиқ шавад.”

Вале то куҷо ҳукумати Тоҷикистон, ки дар гузашта айни чунин талабҳои СММ-ро дар пайванд бо чеҳраҳои дигари саршиносе ба мисли Зайд Саидов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва 11 узви раёсати ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ нодида гирифтааст, ин навбат иҷро мекунад? Ҳуқуқшиноси хонаводаи Мирзоевҳо ва писараш Абдусалом мегӯянд, “содда нестем, ки инро пешбинӣ накарда бошем”.

Абдусалом Мирзоев, писари Ғаффор Мирзоев, ки дар Дубай зиндагӣ мекунад, гуфт, “аз оғоз пешбинӣ мекардем, ки амали ниҳоии мақомоти тоҷик чӣ мешавад. Агар хулосаҳои онҳоро хонда бошед, дида мешавад, ки ҳатто аъзои Гурӯҳи корӣ аз мубодилаи иттилоъ бо онҳо хаста шудааст… Мо пешбинӣ мекунем, ки ҳукумат метавонад инро нодида гирад ё ба он аҳамият надиҳад, вале ҳадаф ёдоварӣ аз ҳуқуқи инсон аст ва падари ман танҳо яке аз намунаҳо аст”.

Скотт Мартин ёдовар шуд, ки Тоҷикистон, як узви СММ аст ва бояд талаботи Гурӯҳи кориро иҷро кунад. Вокуниши ҷониби Тоҷикистон ба хулосаҳои СММ маълум нест. Вале ба қавли ҳуқуқшиноси оилаи Мирзоевҳо, муборизаи онҳо барои раҳоии ӯ дар зинаҳои болотари ниҳодҳои байнулмилалӣ идома меёбад.

Дидор бо писарон, COVID ва тарки сигор

Абдусалом Мирзоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чанд рӯз пеш дар Душанбе ду бародараш тавонистаанд бо падари худ дидор кунанд ва ин мулоқоти нодири Абдураҳим ва Абдураҳмон дар 17 соли охир будааст. То ҳол танҳо хоҳари генерали собиқ метавонист, ба муҳлати хеле маҳдуд аз ҳоли ӯ дар зиндон хабар гирад. Ба қавли ҳуқуқшиносон, ӯ бо оилааш, ки дар Дубай зиндагӣ мекунад, “дар 15 сол ду бор гуфтугӯ кардааст”.

“Барои Абдураҳмон ин дидори аввал ва барои Абдураҳим дидори дуюм буд, – гуфт Абдусалом. – Мулоқот дар ҳузури кормандони давлат гузашт, аз пушти шиша суҳбат карданд, аз ин рӯ, хабарҳои охирро гуфтан нашуд. Падарам гуфтааст, “ҳамааш хуб аст, саломатиаш хуб аст, муносибат бад нест”. Яъне гапи аз ин зиёд зада нашудааст,” – афзуд ӯ.

Абдусалом гуфт, падараш “2 ё 3 моҳ пеш” дар зиндон бемории COVID-19-ро пушти сар кард, вале онҳо дер хабардор шуданд. “Ӯ баъди ин тарки сигор кардааст, ки барояш як одат шуда буд,” – афзуд ӯ.

Зимнан, ба навиштаи муҳаққиқони СММ, Ғаффор Мирзоев ҳамоно дар як утоқи боздоштгоҳе дар Душанбе дар шароити “низоми зиндони вижа” нигаҳдорӣ мешавад, дар ҳоле ки бояд бар асоси ҳукми гирифтааш дар утоқи зиндон бо як ё ду маҳбус нигаҳдорӣ шавад.

Ғаффор Мирзоев, замоне шахси сарватманду бонуфуз ва як узви нерӯҳои ҳукумати солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, борҳо ба афв шуданаш дархост додааст, аммо ҳамеша ҷавоби “не” гирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button