ВарзишВидеоЧеҳраҳо

СИТОРАИ ФУТБОЛИ ТОҶИК СЕРГЕЙ МАНДРЕКО ДАР СИННИ 50 АЗ ДУНЁ РАФТ

Яке аз дастпарварони номдори футболи тоҷик нимҳимоятгар Сергей Мандреко рӯзи 8 март дар синни 50 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи машҳури футболи Австрия “Рапид” (Вена) хабар дод. Сергей Мандреко аз соли 2016 аз як навъи вазнини бемории склероз (боковой амиотрофический  склероз) ранҷ мекашид.

Сергей Мандреко дар ибтидои солҳои 90 яке аз бозигарони ҷавону аз ҳама умедбахши насли нави футболи тоҷик ба шумор мерафт. Мандреко соли 1990, вақте ҳамагӣ 18 сол дошт, дар ҳайъати тими яккачини наврасони СССР чемпиони Аврупо ва сазовори унвони устоди варзиши  СССР шуд. Соле баъд, соли 1991 Мандреко дар ҳайъати тими ҷавонони СССР дар чемпионати ҷаҳон сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар воқеъ, ҳеҷ яке аз бозигарони дастаи шуҳратёри “Помир” (Душанбе) дар синни Мандреко чунин дастовардҳои бузург надоштанд.

Вале, муттаассифона, бо фурӯпошии СССР футболи Шӯравӣ ҳам пош хӯрд ва Сергей Мандреко натавонист ҳама истеъоди худро ба намоиш гузорад. Ҳарчанд солҳои тӯлонӣ дар чемпионатҳои муътабари Австрия ва Олмон бозӣ кард.

Сергей Владимирович Мандреко 1 августи соли 1971 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло – Бохтар) дар ҷануби Тоҷикистон ба дунё омада, дастпарвари мактаби машҳури футболи Қӯрғонтеппа аст.

Ӯ собиқаи варзишиашро дар дастаи “Вахш” сар кард, вале алакай соли 1990 ба дастаи “Помир” даъват шуд. Ӯ солҳои 1990—1991 дар ҳайати “Помир” дар чемпионати СССР ва соли 1992 дар чемпионати Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кард. Мандреко сипс аз соли 1992 то 1997 дар ҳайъати “Рапид” (Вена),  баъд се соли дигар дар ҳайъати “Ҳерта” (Берлин) ва сипас дар боз як дастаи олмонии “Бохум” ҳунарнамоӣ карда, солҳои 2003 то 2005 дар ҳайъати ду дастаи Австрия: «Маттерсбург» ва «Парндорф» ба майдон баромадааст.

Сергей Мандреко  дар умум дар чемпионати СССР дар ҳайъати “Помир” 38 маротиба ба майдон баромада, 2 гол задааст. Ӯ дар  бундеслигаи Австрия 154 бор ба майдон баромада, 17 гол задааст ва дар бундеслигаи Олмон дар 93 бозӣ як гол задааст.

Сергей Мандреко солҳои  2008—2009  бо даъвати ситораи дигари футболи тоҷик Рашид Раҳимов, ки ҳамроҳ ҳам дар “Помир” ва ҳам дар дастаҳои “Австрия” бозӣ кардаанд, ба ҳайси ёвари сармураббии дастаи машҳури “Локомотив” (Маскав) кор кард.

Сергей Мандреко дар ҳайъати тимҳои яккачини наврасон ва ҷавонони СССР бозӣ карда, ҳамчунин 2 дафъа дар ҳайъати тими олимпии СССР, 4 маротиба дар ҳайъати тими яккачини СНГ, як маротиба дар ҳайъати тими яккачини Тоҷикистон ва як маротиба дар ҳайъати тими Русия ба майдон баромадааст.

Сергей Мандреко соли 1992 чемпиони СССР, соли 1994 барандаи ҷоми Австрия, соли 1996 чемпиони Австрия шуда, бо “Рапид” дар бозии финалии Ҷоми ҷомҳои Аврупо бозӣ карда буд. Ӯ соли 1990 дар ҳайъати тими СССР чемпиони Аврупо дар байни наврасон шуда, соли 1991 дар чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон бо тими СССР ҷои сеюм ва медалҳои биринҷиро ба даст овард.

Бозиҳои Сергей Мандреко дар ҳайъати тимҳои яккачин: • 25 январи соли 1992. Бозии дӯстона. Амрико — СНГ 0:1. 62 дақиқа, иваз карда шуд; ба намояндагӣ аз «Помир» Душанбе
• 29 январи соли 1992. Бозии дӯстона. Салвадор — СНГ 0:3. 45 дақиқа, дар қисми дуюм ба майдон баромад; ба намояндагӣ аз «Помир» Душанбе
• 2 феврали соли 1992. Бозии дӯстона. Амрико — СНГ 2:1. 90 дақиқа; ба намояндагӣ аз «Помир» Душанбе
• 12 феврали соли 1992. Бозии дӯстона. Исроил — СНГ 1:2. 90 дақиқа; ба намояндагӣ аз «Помир» Душанбе
• 17 июни соли 1992. Бозии дӯстона. Ӯзбекистон — Тоҷикистон 2:2. Ба намояндагӣ аз «Помир» Душанбе
• 17 августи соли 1994. . Бозии дӯстона. Австрия — Русия 0:3. 45 дақиқа, дар қисми дуюм ба майдон баромад;  ба намояндагӣ аз «Рапид» Вена

Sergej Mandreko (Rapid), Nelson (Lissabon)

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button