ВидеоИқтисодМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ҚУРБИ РАСМИИ ДОЛЛАР ДАР ТОҶИКИСТОН 13 СОМОНӢ ШУД, 1000 РУБЛ – 99,5 СОМОНӢ

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 9 март барои бори аввал дар чанд моҳи охир қурби расмии долларро бознигарӣ карда, қурби расмии пули Амрикоро якбора аз 11 сомонию 30 дирам то ба 13 сомонӣ барои як доллар боло бурд. Тасҳеҳи қурби расмии доллар дар ҳоле сурат гирифт, ки чанд вақт боз ягон бонк бо қурби қаблии 11 сомонию 30 дирам доллар намефурӯхт, вале дар бозори сиёҳ қурби доллар алакай ҳафтаи гузашта ба 13 сомонӣ баробар шуда буд.

Қурби расмии евро, пули муштараки кишварҳои Аврупо низ аз 12 сомонию 35 дирам ба 14 сомонию 19 дирам боло бурда шудааст.

Дар айни замон, Бонки миллӣ қурби рубли Русияро ҳам  беш аз 9 фоиз боло бурд. Агар ду рӯз пеш қурби 1000 рубл 91 сомониро ташкил медод, рӯзи 9 март қурби 1000 рубл расман 99,5 сомонӣ муқарррар карда шуда, бонкҳо низ ба муштариёнаш ваъда медиҳанд, ки рублҳояшонро дар давру дари 99 то 100 сомонӣ барои 1000 рубл иваз мекунанд. Аммо дар биржа субҳи 9 март барои 1000 рубл ҳамагӣ 87 сомонӣ пешниҳод мекарданд ва баъид нест, агар қурби рубл дар муқобили сомонӣ  боз дигарбора рӯ ба коҳиш биорад.

Ин дар ҳолест, ки қурби рубл дар муқобили аксари асъори дигар аз замони ҳуҷуми Русия ба Украина беист пойин меравад. Қурби доллар, ки қабл аз 24 феврал (санаи шурӯи ҳуҷум ба Украина) ҳудуди 80 рубл қурб дошт, ахиран то ба 155 рубл боло рафт ва ҳоло як каме оромтар шуда, субҳи 9 март як доллар дар биржа бо қимати 130 рубл харидуфурӯш мешуд.

Уфти қурби рубл ба сатҳи даромади муҳоҷирони тоҷик, ки беш аз як миллионаш рӯзгори хонаводаҳои худро аз ҳисоби мардикорӣ дар Русия таъмин мекунанд, сахт зарба зад. Пасандозҳои муҳоҷирон, ки  пулҳои худро асосан бо рубл захира мекунанд, дар чанд рӯзи охир қариб 40 фоиз арзиши худро аз даст дод. Наздикони муҳоҷирон дар Тоҷикистон мегӯянд, дилашон намешавад бо қурби пасти имрӯза пулҳои бо азоб бадастовардаи азизони муҳоҷири худро иваз кунанд ва мунтазиранд, ки қурби рубл беҳтар шавад.

Аммо бо онки Русия ҳарчӣ бештару бештар дар ботлоқи ҷанги Украина фурӯ меравад, эҳтимоли ба ин зудиҳо тамом шудани буҳрони иқтисодии дар ҳоли авҷ дар Русия хеле ночиз ба назар мерасад ва ба эҳтимоли ғолиб, мо баракс шоҳиди боз ҳам тангтар шудани ҳалқаи таҳримоти байналмилалӣ дар гардани Русия ва уфти боз ҳам бештари қурби рубл хоҳем шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button