ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОҲИБХОНАРО ЧАНД КОРД ЗАД. ТАФСИЛОТИ ОДАМКУШӢ ДАР ГУЛИСТОН (СОБИҚ ҚАЙРОҚҚУМ)

Марди 45-солаи сокини шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум)  ба он айбдор мешавад, ки шаби7 март, соати 01:20-дақиқа, дар ҳолати мастӣ ба хонаи марди 51-солаи сокини Гулистон омада, дар ҷараёни муноқиша ӯро бо чанд зарбаи корд зада куштааст.

хххххххххх

Марди 65-солаи сокини шаҳри Истаравшан ба он гумонбар мешавад, ки  аз моҳи апрели соли 2017 то моҳи декабри соли 2019 бо роҳи фиреб аз як зани 38-солаи сокини ҳамин шаҳр 70 ҳазору 500 сомонӣ ва 8 ҳазору 450 доллар гирифта, то ҳол барнагардонидааст. Ҳамин тавр, сокини 57-солаи ноҳияи Шаҳринав ба он гумонбар мешавад, ки  ҳанӯз соли 2016 аз як сокини ин ноҳия барои тиҷорат 120 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол пулашро намедиҳад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 9 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст

001

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини шаҳри Гулистон бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст, дастгир карда шуд.
Номбурда, 7-уми марти соли 2022, тахминан соати 01:20-дақиқа, дар ҳолати мастӣ ба хонаи истикоматии марди 51-солаи сокини шаҳри мазкур омада, бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда бо корд якчанд маротиба ба аъзои баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Гирифтани маблағ бо баҳонаи тиҷорат

037

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2016 марди 57-солаи сокини ҳамон ҷо бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 120 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бо роҳи қаллобӣ аз худ намудани маблағҳои зани 38-сола

032

Аз тарафи кормандони ШВКД дар шаҳри Истаравшан нисбати марди 65-солаи сокини шаҳри мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Номбурда, аз моҳи апрели соли 2017 то моҳи декабри соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии зани 38-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 70 ҳазору 500 сомонӣ ва 8 ҳазору 450 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағҳояшро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button