ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ИНТИҚОДИ ТУНДИ СОЗМОНИ МИЛАЛ АЗ ТАЪҚИБИ МУХОЛИФОН ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ВАЗЪИ БАДАХШОН (ВИДЕО)

Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милал аз мақомоти Тоҷикистон барои “таҷрибаи давомдори саркӯби дигарандешони сиёсӣ” дар кишвар ва ҳамчунин барои “эҷоди фазои тарс” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интиқод кард.

Мишел Бачелет, Комиссари олии Созмони Милал дар масъалаи ҳуқуқи инсон, рӯзи 7 март дар иҷлосияи 49-уми Шӯрои ҳуқуқи инсон дар мавриди вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт:

 “Дар Тоҷикистон таъқибот ба зидди мухолифини сиёсӣ идома дорад. Шумори торафт бештари аъзои гуруҳҳои оппозитсионӣ тавассути мурофиаҳои додгоҳие, ки ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи қонунӣ нестанд, ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карда мешаванд. Хушунатҳо байни нирӯҳои амниятӣ ва тазоҳургарон дар моҳи ноябри соли 2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъи ҳуқуқи инсонро дар ин минтақа боз ҳам бадтар карда, як фазои тарсу таъқибро ба вуҷуд овардааст. Ман аз идомаи қатъи дастрасӣ ба Интернет дар ин вилоят изҳори таассуф мекунам. Ин ба таври ошкор поймол кардани ҳуқуқи инсон аст”.

Дар Душанбе то кунун ин изҳороти ахири хонум Бачелет, президенти собиқи Чилиро, ки аз соли 2018 Комиссари олии Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон аст, шарҳ надодаанд. Вале дар гузашта мақомоти Тоҷикистон интиқодҳои Созмони Милал аз вазъи ҳуқуқи инсонро беасос ва дур аз воқеият номида, тавсияҳои Созмони Милал дар мавриди озод кардани чанде аз маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва Зайд Саидовро рад карда, гуфта буданд, ки ин афрод тибқи қонун маҳкум шудаанд ва аз сӯи дигар, дар қонунгузории Тоҷикистон тартиби бозбинии ҳукмҳои додгоҳҳо бар асоси тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ дарҷ нашудааст.

Вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи ноябри соли 2021 дар пайи дар боздошт ба таври мармуз кушта шудани сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков бад шуд. Сокинони вилоят бо талаби ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги Зиёбеков 4 рӯз эътироз карда, танҳо баъди гирифтани ваъдаи мақомот ба таҳқиқи ин қазия ва барқарор кардани дастрасӣ ба Интернет пароканда шуданд. Аммо бо гузашти инак сеюним моҳ то ҳол ягон нафар барои даст доштан дар марги Гулбиддин Зиёбеков дастгир нашудааст ва дастрасӣ ба Интернет ҳам дар Бадахшон то ҳаз барқарор карда нашудааст. Хадамоти алоқа баъди чанд моҳ шарҳ дода буд, ки гӯё дастрасӣ ба Интернтеро дар Бадахшон “ба сабабҳои амниятӣ” то ба ҳадди 2Г маҳдуд кардаанд.

Аммо Мишел Бачелет дар суханрониаш бо изҳори таассуф аз идомаи қатъи Интернет дар Бадахшон чунин амалро  “ба таври ошкор поймол кардани ҳуқуқи инсон” номид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button