ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ МӮСАФЕД ВА КӮДАК ДАР ЗЕРИ ЧАРХҲОИ “ТОЙОТА” ВА КАМАЗ ДАР ҲИСОР ВА ДУШАНБЕ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 7 март дар ду садама ду нафар: як кӯдаки ҳафтсола ва як марди солхӯрда ҷон бохтаанд.

Бино ба иттилои ВКД, шаби 7-уми марти соли 2022, тахминан соати 23:30, ронандаи мошини тамғаи «Тойота Кемри», Ҷаҳонгири Азамҷон, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Раҳимов Раҷабалӣ, соли таваллудаш 1947, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди 75-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, ҳамон рӯзи 7-уми марти соли 2022, тахминан соати 14:20, ронандаи мошини тамғаи «КАМАЗ-5511», Яқубов Абдулмуъмин Аҳмадович, соли таваллудаш 1981, сокини пойтахт, ҳангоми ҳаракат аз самти маҳаллаи Сомон ба самти маҳаллаи Чимтеппа, дар кӯчаи П.Ханчини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ, Рашидӣ Муҳаммадҷон Носирзода, соли таваллудаш 2014, сокини маҳаллаи Сомонро пахш намудааст.
Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш  тифли 7-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ду ҳодиса идома дорад.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Мутаассифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдаконанд.

Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button