ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ДУ ҶАВОН АЗ ДЕҲАИ ЧАШМА ДАР КАНОРИ ТУРСУНЗОДАРО БО 10 САР ЧОРВО СЕЛ БУРДААСТ (3 АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  хабар дод, ки рӯзи 6 марти соли 2022 тахминан соати 15:20 дақиқа бар асари боронҳои шадид аз теппаҳои наздикии деҳаи Чашмаи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода сел омад. Ду сокини деҳаи Чашма, соли таваллуди ҳарду 2004, дар теппаҳо молбонӣ мекарданд. Вақте сел омад, онҳо талош карданд аввал ҷони моли худро наҷот диҳанд. Вале сели даҳшатнок ин ду ҷавонро ба гирдоби худ печид ва ҳарду ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳодиса ҳамчунин 10 сар чорвои хурд ҳам нобуд шуд.

Ҷасади ин ду ҷавони номурод ҳудудан 4 километр пойинтар аз маҳалли ҳодиса пайдо шудааст.

Ғайр аз ин боронҳои пуршиддати рӯзи гузашта боиси баланд шудани сатҳи оби рӯди Қаратоғ ва канали Муллошодӣ шудаву хавфи зери об мондани хонаҳои истиқоматиро зиёд кардааст.

Дар айни замон дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодла фаъолият мекунад ва барои рафъи паёмадҳои харобиҳои сел техникаи махсус ҷалб карда шудааст.

Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар боронҳои шадид ва ҳавои номусоид то охири ҳафта боқӣ мемонад. Ҳам боронҳои пуршиддат ва ҳам гарм шудани дамои ҳаво метавонад дар кӯҳҳо боиси лағзиши тарма ва резиши санг шавад. Бориш муҷиби боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаву обанборҳо ва дигар махзанҳои об шуда метавонад.  

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои боронӣ эҳтиёткор бошанд ва аз сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ, рафтан ба сайдгоҳу моҳидорӣ ва чорвочаронӣ худдорӣ намоянд.

 Хотиррасон мекунем, дар сурати рух додани ҳодисаи нохуш ё ҳолати фавқулода шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои: 93 880 28 19221-91-19, 223-13-11 муроҷиат кунанд ва кумак хоҳанд.

Худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button