ВидеоДин ва боварҳоЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ЭШОНИ ДАВЛАТХӮҶАИ ҲОИТӢ

Эшони Давлатхӯҷаи Муҳаммадуллоҳ, маъруф ба Эшони Ҳоитӣ,  рӯҳонии шинохтаи тоҷик, дар синни 87 аз олам чашм пӯшид.  Иллати марги ӯ гуфта нашудааст.

Давлатхӯҷаи Муҳаммадуллоҳ соли 1935 дар деҳаи Ярхичи миёнаи ҷамоати Ҳоити ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) дар оилаи диндор ба дунё омада, маълумоти аввалияи диниро дар назди падари худ Эшони Аҳмадуллоҳ, ки аз шахсиятҳои маъруфи руҳонии даврони худ буд, омӯхтааст. Ӯ сипас таҳсили улуми диниро дар назди уламои шинохтае, чун Махдуми Муҳаммадикром, Домулло Валӣ ва домулло Муҳаммадии Ҳоитӣ идома додааст. Эшони Давлатхӯҷа дар даврони ҷавонӣ бо марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамсабақ буд ва даврони толибилмӣ муддатҳо ҳатто дар як ҳуҷра зиндагӣ мекарданд ва ҳам дӯстӣ доштанд.

Эшони Давлатхӯҷа соли 1988 ба сафи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ки дар он даврони Шӯравӣ низ пинҳонӣ амал мекард, пайваст ва то манъи дигарбораи он дар соли 2015 аз ҷумла раҳбарони ин ташаккули сиёсии мазҳабӣ буд.

Эшони Давлатхӯҷа аз ҷумла соли 1992 дар қатори дигар тарафдорони ҲНИТ ба Афғонистон ҳиҷрат карда, дар онҷо масъулияти бахши иршод ва таблиғи наҳзатро ба уҳда дошт. Баъди ба фаъолияти дубора пардохтани ҲНИТ аз соли 1999 то 2015 узви раёсати олии ҲНИТ буд. Ӯ ҳамчунин аз соли 2001 корманди Маҷмаи уламои ҲНИТ ва солҳои 2007-2008 раиси ин ниҳод буд. Эшони Давлатхӯҷа баъдан то соли 2015 мушовири раиси ҲНИТ буд.

ҲНИТ бо нашри як номаи таъзия аз марги узви собиқадораш изҳори андуҳ карда, даргузашти Эшони Давлатхӯҷаро зоеъаи бузург номид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button