ВидеоИқтисодМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ҚУРБИ 1000 РУБЛ ТО 82 ПОЙИН ОМАД. ТАЪСИРИ ҶИДДИИ ТАҲРИМОТИ ЗИДДИ РУСИЯ БА БОНКҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА МУШТАРИЁНИ ОНҲО

Бонкҳои Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки таҳримоти зидди Русия ба кори онҳо ва муштариёни онҳо низ таъсири ҷиддӣ гузоштааст. Як мушкили ҷиддӣ идома уфти башиддати қурби рубли русӣ аст, ки боиси аз коҳиши башиддати ирсоли пул аз Русия ба Тоҷикистон шудааст. Муҳоҷирон умедворанд, ки қурби рубл боз рӯ ба боло хоҳад овард ва ба ин далел, аз фиристодани пул бо қурби пасти имрӯза худдорӣ мекунанд. Вале қурби рубл аз 24 феврал ба ин тараф, беист ба поён рафта истодааст ва рӯзи 7 март бонки “Эсхата” 1000 рубли русиро бо қурби ҳамагӣ 84 сомонӣ иваз мекард, ки дар солҳои охир бесобиқа аст.  Дар биржа қурби 1000 рубл ба 82 сомонӣ расидааст, вале Бонки миллии Тоҷикистон барои рӯзи 9 март қурби расмии 1000 рублро 91 сомонӣ муқарар кардааст.  Ҳарчанд бо ин қурб дигар ягон бонк рубл иваз намекунад.

Мушкили дигар аз анҷоми амалиётҳо дар Русия даст кашидани шабакаҳои Виза ва Мастеркард аст.  Аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва ҳамин тавр, аксари муштариёни бонкҳои Тоҷикистон кортҳои Виза ё Мастеркард доштанд ё дигар кортҳое, ки бо ин шабакаҳо пайвастанд. Табиист, ки ба зудӣ имкони истифодаи ин кортҳо барои онҳо хеле маҳдудтар хоҳад шуд.

Кортҳои Виза ва Мастеркард аз бонкҳои Русия танҳо дар ҳудуди Русия ба кор меоянд, вале кортҳои Виза ва Мастеркард аз бонкҳои Тоҷикистон баъди 10 март дар Русия кор намекунанд.

“Ориёнбонк”, яке аз бонкҳои бузургтарини Тоҷикистон, рӯзи 7 март мизоҷонашро хабардор кард, ки аз аз санаи 10 марти соли ҷорӣ, фаъолияти низоми пардохтии VISA International дар Русия муваққатан қатъ мегардад ва ба ин далел, кортҳои Ориёнбонк ва дигар бонкҳои хориҷӣ дар ҳудуди  Русия амал намекунанд. “Ориёнбонк” гуфт, дар дигар кишварҳо, аз ҷумла  дар худи Тоҷикистон чунин мушкилот вуҷуд надорад.

Бонки “Алиф” низ ҳанӯз шоми 6 март ба мизоҷонаш хабар дод, ки аз 10 март бо сабаби муваққатан қатъ шудани фаъолияти Visa дар Россия, кортҳои Visa-и Алиф ва дигар бонкҳои хориҷӣ дар ин кишвар муваққатан кор намекунанд.

“Агар шумо айни ҳол дар Россия қарор дошта, нақшаи дар он ҷо монданро доред, маслиҳат медиҳем, ки маблағи лозимаро аз корт нақд карда гиред. Инчунин, тавсия медиҳем, ки хизматрасониҳо ва дигар пардохтҳои онлайн-мағозаҳои Россияро то 9 март анҷом диҳед”, – машварат додааст “Алиф” ба мизоҷонаш.

Ин бонк афзул, дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо бошад, бо кортҳои Visa мисли пешина метавонед пардохт кунед ва пули нақд гиред. “Чун ҳарвақта бо alif mobi шумо метавонед ба ҳамаи кортҳои Россия, ҳамчунин Visa, MasterCard ва «Мир» дилхоҳ вақт пул равон кунед ва аз он ҷо қабул намоед”, – гуфта мешавад дар иттилоияи ин бонк.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button