ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ФАРОМАДАНИ ЯКБОРА 5 ТАРМА РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНДРО БАРОИ ДУ СОАТ БАСТ (14 АКС)

Ширкати IRS, ки масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи миёни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистонро дар даст дорад, рӯзи 7 март хабар дод, ки шабона дар роҳи Душанбе- Чаноқ (минтақаҳои Варзоб ва Зарафшон) панҷ тармаи хурду бузург фаромад ва ба ин далел, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан боздошта шуд. Баъд аз фосилаи начандон тулонӣ, ширкат хабар дод, ки дар пайи рафъи оқибатҳои тарма ва  тоза кардани роҳ аз барф роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ кушода шуд.

“Ҳоло ҳаракати нақлиёти сабукрав дар ин масир таъмин буда, каме пас гузариши автомобилҳои боркаш низ иҷозат дода мешавад”, гуфта мешавад дар иттилоияи IRS.

Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи шанбе, 5 марти соли 2022 дар  километри 66-уми роҳи Душанбе – Варзоб як тарма ва дар километри 42 ва 52-юми роҳи Хоруғ –Ишкошим ду ҳолати фаромадани тарма рӯй додааст.

Кумита гуфт, дар натиҷаи тармарезиҳо, хушбахтона, касе осеб надидааст ва ин ду роҳ дар пайи тоза кардани барф дигарбора барои равуои нақлиёт кушода шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки 3 марти соли 2022, соати 15:11 ба вақти маҳаллӣ, дар километри 97-уми роҳи мошингарде, ки аз ҳудуди деҳаи Ватангони ҷамоати деҳоти А.Басизи ноҳияи Рӯшони ВМКБ мегузарад, сангрезӣ ба қайд гирифта шуд.  Ин резиши санг талафоти ҷониву хисороти дигар надошт ва баъди муддате бо талоши кормандони вазорати нақлиёти кишвар роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор ва боронҳои шадид дар назар дошта шудааст. Борон метавонад дар баъзе минтақаҳо сабаби омадани сел шавад, дар кӯҳҳо бошад муҷиби лағзиши тарма низ шуда метавонад.

Бино ба маълумоти ҳавошиносон, аз 5 то 8 марти соли 2022 дар қаламрави кишвар боронгариҳои шадид ва манотиқи баландкӯҳ(аз 2500 метр баландӣ аз сатҳи баҳр) боридани барфи тар пешбинӣ мешавад.

Ба сабаби боришот хатари боло рафтани сатҳи об дар дарёҳои Яхсӯ ва Қизилсӯ ва ҳамчунин дар рӯдҳои кӯҳие, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма мегиранд, пешбинӣ мешавад. Ҳамчунин хатари сангрезӣ ва фаромадани тарма бахусус дар роҳҳои Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим вуҷуд дорад. 

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ хостааст, ки дар ин рӯзҳо дар роҳҳои кӯҳистон аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд, васоили нақлиёти худро аз пеш омода кунанд ва ҳадалимкон аз сафар ба манотиқи хатарнок, анҷоми корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳезуму алафҳои табиӣ, моҳигирию шикор дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд.

Аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоста шудааст, ки дар сурати дучор шудани ҳолатҳои хафвнок, бо рақамҳои  112, 93 880 28 19 ваё ба қисми навбатдорӣ бо рақами (37) 223 13 11. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button