ВидеоМуҳоҷирон

ЧАШМОНАШРО КАНДА ГИРИФТАНД… БОЗДОШТИ СЕ НАФАР БАРОИ ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ ЯК ДУХТАРИ ТОҶИК ДАР КАНОРИ ПЕТЕРБУРГ

Нашрияи маҳаллии Кoнкретно.Ру (хабаргузории “Оперативное прикрытие”) хабар дод, ки мақомоти тафтишотӣ афроди гумонбаршаванда дар қатли ваҳшиёнаи як духтари тоҷик дар вилояти Ленинградро боздошт кардаанд. Ин духтарро бо як бераҳмии махсус кушта, сипас чашмонашро канда гирифта буданд.

Ҷасади духтари 20-солаи зодаи Тоҷикистонро бо аломатҳои яқини марги маҷбурӣ рӯзи 2 октябри соли 2021 аз як ҷангал дар наздикии деҳаи Мягловои ноҳияи Всеволожский пайдо карданд. Мяглово дар канори шоҳроҳи Мурманск, дар фосилаи ҳамагӣ 12 км аз канораҳои ҷанубушарқии шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст.  Ҷоғи поёнии ҷасад шикаста, дар гарданаш осори буғӣ кардан дида мешуд ва чашмонашро канда гирифта буданд. Дар робита ба ин куштор бо бераҳмии махсус парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд.

“Оперативное прикрытие” бо такя ба манобеаш хабар дод, ки рӯзи 6 март се нафари гумонбаршаванда дар қатли ин духтарро дар се суроғаи мухталиф дастгир карданд. Аз ҷумла Қудратуллоро, ки 25 сол дорад, дар толори байналмилалии фурудгоҳи “Пулково”, Ҳусниддини 27-соларо аз назди бинои №17 дар кӯчаи Кантемиров ва Бахтиёри 47-соларо дар кӯчаи Пражская дар шаҳраки Кудрово дастгир кардаанд. Аз ин шумор, Бахтиёр алакай шаҳрванди Русия шуда, дар вилояти Новгород сабти ном доштааст.

Бино ба маълумоти тафтишот, рӯзи 18 сентябри соли 2021  ин се марди зодаи Тоҷикистон он духтари ҷавонро бо мошини “Фолксваген Ҷетта” ба як ҷангал дар наздикии деҳаи Мяглово бурда, дар заминаи хусумати шахсӣ ба бадани ӯ аз пистолети травматикӣ ду тир холӣ кардаанд ва сипас ӯро бо як оҳан то мурдан кӯфтаанд. Баъди куштан онҳо чашмони духтарро ба кадом далеле канда гирифтаанд, Зоҳиран бар пояи ин бовар, ки мегӯянд, гӯё пеш аз мурдан чеҳраи охирин касе, ки инсон мебинад, дар чашмонаш абадан нақш мебанданд.

Ва аммо дар бораи сабаби чунин куштори бераҳмонаи духтар аз сӯи ҳамватанонаш ба ҷуз аз “хусумати шахсӣ” шарҳи дигаре ҳанӯз дода нашудааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми кофтукоб аз Бахтиёр як баста бо маводи хокаи сафед ҳам пайдо кардаанд. Ин маводро барои ташхис фиристодаанд, то маълум кунад, ки маводи мухаддир аст ё ягон чизи дигар?

Хадамоти матбуоти Сарраёсати тафтишоти вилояти Ленинград видеоеро нашр кард, ки дар он яке аз гумонбаршавандагон нишон медиҳад, ки он духтарро чӣ гуна куштанд:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button