ВидеоНуқтаи назарРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

БАҲСИ ТУНДИ БОҚИР БО ШАҲРДОРИ ХОРУҒ: БА КАФШҲОИ ДАРИДААМ БИНГАР! МАГАР ТЕРРОРИСТ БО ЧУНИН КАФШ МЕГАРДАД? (ВИДЕО)

Дар Интернет видеое нашр шудааст, ки чӣ гуна Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир), яке аз лидерҳои ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мулоқоти раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода меояд ва дар тӯли 7 дақиқа як суханронии пур аз эҳсосот мекунад. Дар сабт дида мешавад, ки Боқир дар толор дар байни мардум истодааст ва аз онҷо хитоб ба Ризо Назарзода, ки дар минбар истодааст, суханронӣ мекунад. Мири шаҳр ва ҳамроҳонаш дар тӯли 7 дақиқа суханронии Боқир ба ӯ вориди баҳс намешаванд ва танҳо дар як маврид Ризо Назарзода як луқма мепартояд, ки комиссияи марказии интихобот дар Душанбе аст, на дар Хоруғ.

Боқир  ба забони шуғнонӣ ҳарф мезанад ва бино ба тарҷумаи суханҳояш, ки журналист Рустами Ҷонӣ анҷом додааст, ин лидери ғайрирасмии минтақа дар суханрониаш аз Ризо Назарзода, ки қаблан аз вай хоста буд, ихтиёран худро ба мақомот супурда, ҳаёти дигар сокинон, бахусус ҷавононро ба хатар нагузорад, гила мекунад, ки рафтораш мардона нест. Боқир мегӯяд, мардуми бегуноҳро куштанд ва акнун навбати ӯ расидааст.

Вале, мегӯяд Боқир, “бо ту сари як миз барои гуфтушунид намешинам. Мо туро намешиносем. Туро ба инҷо фиристоданд. Вазифаҳои худро иҷро ва шаҳрро обод кун. Ба телевизор часпида ба бӯҳтону тарғибот машғул ҳастед, лекин ин ҳам зидди Шумо мешавад. Ягон далелу рақам надоред. Моро бо бародарони дарвозӣ ҷанг андохтаниед. Барои чӣ моро душман месозед?”

Боқир дар идомаи суханрониаш талаб мекунад, ки “постгоҳҳоро аз шаҳр бардоред ва артишро ба қитъаҳои доғи марз бифиристед. Якҷо бо қирғиз душманӣ меварзед, ҷои дигар бо Толибон, инҷо бошад бо мо. Мисли магас ба ширинӣ часпидаед. Бе монеа борҳои худро аз ҳудуди вилоят кашед. Ман мири шаҳр ё президент шуданӣ нестам. Фақат моро ором гузоред. Монед осуда зиндагӣ кунем. Мо осудагӣ мехоҳем. Агар гапи туро, ҳамчу мири шаҳр, гӯш кунанд, аз шаҳр артишро барор ва ба сокинони шаҳр оромиро баргардон. Худо ва имом шоҳид, ба афви Шумо ниёз надорам. Мо, мардум бояд Шуморо афв кунем. Ба кафшҳои дарридаам бингаред. Шумо бошед аз ман кадом касе набофтед, терорист хондед. Шарматон наомад? Халқ Шуморо дӯст намедорад. Гирди идораи телевизион панҷара кашидед то Шуморо набинанд.

Боқир меафзояд, ки ба зидди сокинон барои буридани дарахтон парванда карданд. “Ҷои дарахти бурида, ниҳоли дигар мерӯяд, аммо ҷонҳои рабудаву дилҳои шикаста чӣ?” мегӯяд ӯ хитоб ба шаҳрдори Хоруғ. Ӯ бори дигар истеъфои раиси вилоят генерал Алишер Мирзонабот ва дар қадами аввал бардоштарни постгоҳи назди боғи ботаникӣ ва роҳи Роштқалъаро талаб мекунад ва мегӯяд, сокинон он вакилони худро, ки аз манфиати онҳо ҳимоят намекунанд, пас мехонанд.

Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир), яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон, аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик аст, ки баъди имзои созишномаи сулҳи сорли 1997 аз ҳисоби квотаи сифоизаи мухолифин фармондеҳи як қисми ҳарбии нирӯҳои марзбонӣ таъйин шуд ва соҳиби рутбаи полковник шуд.

Ба зидди Боқир ахиран бо иттиҳоми таҳқир ва латтукӯби намояндаи давлат парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Раиси идораи маорифи вилояти Бадахшон Лутфулло Наврӯзов Боқирро ба он айбдор кард, ки гӯё шоми 29 январ ӯро таҳқиру латтукӯб карда ва аз хонааш дар қабати болоии бинои идораи маориф, ки дар маҳаллаи Бархоруғ, маҳалли зисти Боқир ва аксари тарафдоронаш ҷойгир шудааст,  рондааст. Боқир таҳқиру латтукӯби Наврӯзовро рад мекунад ва мегӯяд, “бо муаллим танҳо як суҳбати падарона кардам”. Боқир мегӯяд, ки Наврӯзов ӯро тавассути ТВ бе ягон асос “террорист” номид ва муаллимони дигарро ҳам маҷбур мекард, ки аз тариқи ТВ ба зидди Боқир ва дигар лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон гап зананд. Мақомот ин лидерҳои ғайрирасмӣ, аз ҷумла Боқирро “саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ” ном мебаранд.

Рӯзи 4 март Боқир гуфт, дар маркази Хоруғ кӯшиш кардаанд, то мошини ӯро гирд карда, дастгираш кунанд, вале ӯ тавонистааст фирор кунад. Боқир гуфт, аз дасташ тир хӯрдааст, вале захмаш сабук аст, чунки тир ба устухон нарасидааст. Вале муовини сардори милитсияи Бадахшон Аъзам Толеҳзода хабари тир хӯрдани Боқирро дурӯғ номид ва гуфт, вақте ки ӯ мошинашро дар постгоҳ манъ накард, кормандони БДА ба ҳаво ҳамагӣ як тир холӣ кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button