МуҳоҷиронҲуқуқи инсон

БА ЗИДДИ ИЗЗАТ АМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ПАРВАНДАИ НАВ КУШОДААНД (ВИДЕО)

Ба зидди ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Иззат Амонро, ки дар Тоҷикистон алакай ба 9 соли зиндон маҳкум шудааст, парвандаи нав кушода, ӯро ин дафъа ба он айбдор мекунанд, ки Нурулло Воҳидов ном сокини Бохтарро ба маблағи 10 ҳазор доллар фиреб додааст. Пайвандони Иззат Амон ин парвандаро сохта номида, мегӯянд, баҳси ӯ бо Нурулло Воҳидов чандин сол пеш ҳал шуда буд ва дигар ягон даъво дар байн намоянда буд.

Як манбаъ дар раёсати тафтишотии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 7-уми март бе зикри ном  дар суҳбат бо Радиои Озодӣ  тасдиқ кард, ки нисбат ба Иззат Амон бо иттиҳоми “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” парванда боз шудааст. “Дар ин бора сокини Бохтар, Нурулло Воҳидов, шикоят кард. Барои анҷоми тафтишот ҳафтаи гузашта Иззат Амон аз зиндон ба боздоштгоҳ бурда шуд,” – гуфтааст ин манбаъ.

Нурулло Воҳидов ва наздиконаш натиҷа надодааст, вале вай бо нашри наворе дар Ютуб иддао кардааст, ки Иззат Амон аз ӯ даҳ ҳазор доллар гирифта, то ҳанӯз барнагардондааст.Аммо ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ,  даъвогари навро бо Иззат Амон то ҳол рӯбарӯ накардаанд.

Ба Иззат Аммон  дар асоси парвандаи наваш ҷарима ваё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

 Иззат Амон, ки моҳи марти соли 2021 ба таври мармуз аз Маскав ба Душанбе оварда шуда, 19 октябр бо ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе ба 9 соли зиндон маҳкум шуд, дар маҳбаси воқеъ дар маҳаллаи “Якум Советский” адои ҳукм мекард.

Наздикони Иззат Амон  даъвои навро сохта меноманд ва мегӯянд, Нурулло Воҳидов дар як соле, ки аз боздошти Иззат Амон мегузарад, даъво накард ва вақте пайдо шуд, ки онҳо моҳи январ 232 сомонии боқимонда аз парвандаи пешина ба  даъвогари охирин баргардонданд ва бар асоси он талаб доштанд, ки ҳукми зиндони ӯ бозбинӣ ва Иззат Амон афв шавад.

Ашӯрбибӣ Холова, модари Иззат Амон рӯзи 7-уми март ба Озодӣ гуфт, шахсеро, ки ба вазорати корҳои дохилӣ шикоят бурдааст, “хуб мешиносанд”, вале даъвояш беасос аст: “Даъвогар соли 2007 ҳамроҳи писари дигарам дар як зиндони ҷумҳурии Мордоваи Русия буд. Иззат Амон барои интиқоли онҳо ба Тоҷикистон пул харҷ кард. Як қисми ин пул, 10 ҳазор долларро наздикони даъвогар дода буданд. Писарам соли 2010 пулашро баргардонд. Дар ивази 6 ҳазор доллар мошини “Мерседес” дод. 4 ҳазор доллари дигарро ба ҳамсари русаш дар Маскав расонданд. Ин масъала ҳал шуда буд.”

Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, дар аввали моҳи март аз шаҳрвандии Русия маҳрум гардонда шуда,  рӯзи 25 марти соли 2021 ба таври мармуз аз Маскав ғайб зад. Рӯзе баъд ВКД Тоҷикистон эътироф кард, ки Иззат Амон дар Душанбе боздошт шудааст ва ба қаллобӣ айбдор мешавад. 19  октябр, дар ҳоле ки интизор мерафт, Иззат Амонро бар асоси афв озод кунанд,  додгоҳи Душанбе пардохт нашудани 232 сомонӣ пули даъвои касеро баҳона карда, ӯро аз имкони афв маҳрум ва ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Бисёриҳо ҳукми Иззат Амонро сиёсӣ мешуморанд ва мегӯянд, аксари даъвоҳои “қаллобӣ” ба зидди ӯ ташкилшуда ба назар мерасанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button