ВидеоКоррупсияМуҳоҷирон

САРДОРИ ГИБДД (ГАИ) ВИЛОЯТИ ТЮМЕН БА МУҲОҶИРОН БА ҶОИ ПУЛИ КОРАШОН …“ПРАВА” МЕДОД…

Раёсати тафтишоти вилояти Тюмени Русия парвандаҳои сардори собиқи ГИБДД (собиқ ГАИ, БДА)  ин вилоят Александр Селюнин ва  собиқ сардори шуъбаи байниноҳиявии бахши имтиҳоноти ГИБДД Михаил Жигалкин ва миёнарави онҳоро ба додгоҳ супурдааст. Жигалкин ба 38 ҳолат ва Селюнин ба 12 ҳолати фурӯши ғайриқонунии ҳуҷҷатҳои ронандагӣ айбдор мешаванд. Аз маводи парвандаҳои онҳо бармеояд, ки аксари муштариёнашон муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон будаанд. Селюнин, барои мисол, ба сохтмони гараж ва як “беседка” дар ҳавлиаш муҳоҷиронро ҷалб карда, барои онки ба онҳо пул надиҳад, ба ҷои пули корашон ба онҳо ҳуҷҷатҳои ронандагӣ медодааст. Ҳоло  ҳамаи ин муҳоҷирон барои харидани “права” маҳкум шудаанд. Аз ҷумла соҳибкор Низомҷон Турсунов, ки байни Селюнину Жигалкин ва муҳоҷирони муштоқи гирифтани ҳуҷҷатҳои ронандагии Русия миёнаравӣ мекард, ба 4 соли зиндон шуда, дастикам се муҳоҷир, аз ҷумла Фаридун Мамадҷонов ва Эҳрон Худоёров, ки барои иваз кардани ҳуҷҷатҳои ронандагии кишвари худ ба ҳуҷҷати русӣ ҳар кадом 50 ҳазор рубл додаанд, дусолӣ ҳукми шартӣ гирифтанд. Роза Аҳророва ҳам, ки барои “права” ба Жигалкин 60 ҳазор рубл дода буд, шартан ба ду соли зиндон маҳкум шуд.

Раёсати тафтишоти вилояти Тюмен хабар дод, ки Жигалкин бар асоси қисми сеюми моддаи 290 Кодекси ҷиноятии Русия ба гирифтани пора айбдор мешавад. Ба ӯ то 2 миллион рубл ҷарима ваё аз 3 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад. Ба миёнарави ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 291.1 то як миллион рубл ҷарима ваё аз 3 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба хулосаи тафтишот, Жигалкин аз моҳи феврали соли 2019 то боздошташ дар моҳи декабри соли 2020, тавассути миёнаравҳо ба шаҳрвандон пешниҳод мекард, ки метавонад ба онҳо дар гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ бидуни супурдани имтиҳон кумак кунад. Ӯ барои ин ба зердастонаш рӯйхат медод, ки киҳо бояд сарфи назар аз онки қоидаҳои роҳро медонанд ваё мошин ронда метавонанд ё на, бояд аз имтиҳон гузаранд. Зердастонаш баъдан дар баёноти худ гуфтанд, ки чунин мисолҳои “права” гирифтани афроде, ки тавони рондани мошинро надоштанд ва қоидаҳои роҳро намедонистанд, зиёд буд, вале онҳо ба иҷрои фармонҳои Жигалкин ва Селюнин маҷбур буданд, чунки метавонистанд аз ҷои корашон пеш кунанд.

Сомона хабарии Ура.Ру  дар як гузориши муфассал аз баёноти чандин нафар аз муштариёни Селюнин ва Жигалкин мисолҳо овардааст.

Аз ҷумла Роза Аҳророва баёнот додааст, ки хеле мехост соҳиби “права” шавад, вале медонист, ки аз имтиҳон намегузарад, чунки дуруст мошин ронда наметавонист, Ӯ ба Иван Шветсов ном нафаре, ки дар бинои шафати ГИБДД, дар ширкати истеҳсоли рақамҳои давлатӣ кор мекард, муроҷиат кард ва Шветсов ба Аҳророва гуфтааст, ки дар ивази 60 ҳазор рубл ӯро соҳиби “права” мекунад.

Аҳророва ду дафъа 30ҳазорӣ пули Жигалкинро дод ва дар натиҷа, тавре дар парванда гуфта мешавад, “20 ноябри соли 2019 Аҳророва барои супурдани имтиҳони назариявӣ рафт. Вале ӯ ҳаз ҷавобҳояшро пур нокарда, нозир номаш гирифта, даъваташ кард ва гуфт, зери санади аз имтиҳон гузаштанаш имзо гузорад”. Аҳророва имтиҳони амалиро низ чунин супурд: Дар автодром мошинро ба девор зад ва ба чандин хатои дигар роҳ дод, вале ҳеҷ кадоми ин хатоҳо дар варақаи имтиҳони ӯ дарҷ нашуданд. Ба ин зан ҳуҷҷати ронандагӣ доданд, вале вақте ки ин моҷаро рӯи об баромад, вайро ба ду соли зиндони шартӣ маҳкум карданд.

Пулро ба Жигалкин маъмулан дар назди хонааш ё дар назди бинои ГИБДД фақат бо пули нақд медоданд. Фаридун Маҳмадҷонов ва Эҳрон Худоёров барои он ба 2 соли шартии зиндон маҳкум шуданд, ки барои ба ҳуҷҷати ронандагии Русия иваз кардани ҳуҷҷати ронандагии кишвари худ ҳар кадом 50 ҳазор рубл додаанд.  Маҳмадҷонов гуфт, ӯ имтиҳони амалиро супурда метавонист, чунки 10 сол собиқаи ронандагӣ дошт, вале барои супурдани имтиҳони назариявӣ ба худ итминон надошт. Эҳрон Худоёров ҳам  дар баёноташ эътироф кардааст, ки ба гузаштанаш аз имтиҳони назариявӣ боварӣ надошт ва барои ҳамин пул дод.

Худоёров пулро тавассути соҳибкор Низомҷон Турсунов додааст. Шиноси Турсунов дар ГИБДД худи сардори ин идора дар вилояти Тюмен Александр Селюнин будааст.  Турсунов, ки барои миёнаравиаш дар додани пора алакай ба 4 соли зиндон маҳкум шудааст, тавре дар додгоҳ гуфта шуд, ба Селюнин мустақим пул нмедод. Маълум шуд, ки Селюнин дар ҳаавлиаш гараж ва беседка месохт ва муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистонро ҷалб карда буд. Барои онки ба онҳо пул надиҳад, Селюнин ба ҷои пули корашон ба ин муҳоҷирон праваҳои русӣ пешниҳод мекардааст.

Жигалкин баъди боздошташ ҳам миёнаравҳояш ва ҳам сардори худро “фурӯхт”. Селюнин дар аввал даст доштанаш дар фурӯши ҳуҷҷатҳоро ронандагиро рад карда, мегуфт, ки Жигалкин ӯро туҳмат карда истодааст. Вале Жигалкин баёнот дод, ки аз номи Селюнин ба пеши ӯ Турсунов меомад  ва мегуфт, ки сардори ГИБДД барои онки барои сохтани гаражу беседкааш аз пули худ сарф накунад, ба ҷои пул ҳуҷҷати ронандагӣ медиҳад…

Михаил Жигалкин

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button