ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ОЗАРБОЙҶОН (5 АКС)

Рӯзи 3 март раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо як сафари расмӣ вориди Боку, пойтахти Озарбойҷон шуд. Дар аксҳои нашршуда дида мешавад, ки Рустами Эмомалӣ бо ҳавопаймои махсуси ширкати “Сомон Эйр”, ки ба шарафи асосгузори адабиёти муосири тоҷик “Садриддин Айнӣ” номгузорӣ шудааст, ба Боку омадааст.

Дар фурудгоҳи ба номи Ҳайдар Алиев Рустами Эмомалиро муовини раиси Маҷлиси миллии Озарбойҷон Одил Алиев, раҳбари гуруҳи равобити байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон Айқдин Мирзозода, сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ, сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзомин Аскаров ва дигар ашхоси расмӣ истиқбол гирифтанд.

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз Озарбойҷон то 4 март давом мекунад.

 Рустами Эмомалиро дар ин сафари расмӣ раисони кумитаҳо ва роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар давоми ин сафар Рустами Эмомалиро президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба ҳузур пазируфтааст.

Ҳамчунин дар мавриди бародаршаҳр шудани Душанбе ва Боку тавофуқ ҳосил шудааст.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 34 сол дошта, аз соли 2017, инак 5 сол боз шаҳрдори Душанбе, пойтахти ин кишвар аст. Ӯ моҳи апрели соли 2020 раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон низ интихоб шуд ва бо касби ин мақом расман раҳбари дуюми ҷумҳурӣ дониста мешавад.

Рустами Эмомалиро як вориси эҳтимолии курсии президентии падараш мешуморанд. Эмомалӣ Раҳмон, ки имсол ба синни 70 мерасад, аз соли 1992, қариб 30 сол боз бар Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.  Ҳанӯз дар соли 2016 синни ҳадди ақали номзадӣ ба президентиро дар Тоҷикистон аз 35 то 30 пойин оварданд ва аксарият бар ин буданд, ки ҳадаф аз ин тағйирот ҳамвор кардани роҳи Рустами Эмомалӣ барои ширкат дар интихоботи президентии соли 2020 аст. Вале дар ин интихобот Эмомалӣ Раҳмон бори дигар номзадии худашро пешбарӣ кард ва даврони раёсаташро боз ба 7 соли дигар, то соли 2027 тамдид кард.

Озарбойҷон дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ нахустин ҷумҳуриест, ки таҷрибаи интиқоли қудрат аз падар ба писарро ҳанӯз соли 2003 таҷриба карда буд. Президенти вақти ин кишвари саршор аз манобеи нафти Қафқози ҷанубӣ Ҳайдар Алиев, ки дар бистари марг қарор дошт, тавонист пеш аз даргузашти худ писараш Илҳом Алиевро ба ҷои худ президент кунад.

Ҳоло чунин нақшаи интиқоли қудрат аз падар ба писарро дар Туркманистон амалӣ карда истодаанд. Рӯзи 12 март дар Туркманистон интихоботи пеш аз муҳлати президент баргузор мешавад. Як номзади асосӣ дар ин интихобот Сардор Бердимуҳаммадов, писари чилсолаи президенти кунуниаш Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аст. Ду номзади дигари пешбаришуда дар муқобили ӯ, ба ақидаи ҳамаи нозирони умур, танҳо ба хотири демократӣ ҷилва додани ин маърака номзадии худро гузоштаанд.

Бердимуҳаммадови калонӣ, ки имсол ба синни 65 медарояд ва 15 сол боз бар Туркманистон, ин кишвар саршор аз захираҳои нафту гази Осиёи Марказӣ раҳбарӣ мекард, моҳи феврал дар нишасти бахшида ба 15солагии раёсаташ ба таври ғайриинтизор изҳор дошт, ки хаста шудааст ва аз курсии президентӣ канор меравад, то ки “барои ҷавонон роҳ кушояд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button