ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ҶАНГ ДАР УКРАИНА. РӮЗИ 8-УМ: ОХИРИН ХАБАРҲО ТО ИН СОАТ

  • Артиши Русия шабона шаҳри Изюмро дар вилояти Харков бомбаборон кард. Дастикам 8 кас кушта шудаанд. Вазорати мудофиаи Русия гуфт, шаҳри Балаклея дар вилояти Харковро гирифтаанд.
  •  Ҳайъатҳои Русияву Украина рӯзи 3 март дар Беларус даври дуюми музокиротро доир мекунанд. Ҳайъати Украина  алакай бо чархбол ба макони музокирот парвоз кардааст.
  • Маҷмаи умумии Созмони Милал бо 141 овоз аз Русия талаб кард, ки амалиёти ҷангиро қатъ карда, нирӯҳояшро аз Украина берун бикашад. Тоҷикистон аз овоздиҳӣ худдорӣ кардааст.
  • Ширкатҳои IKEA ва Volkswagen фаъолияти худро дар Русия қатъ карданд. Ширкати Lego ба Русия дигар маҳсулот намефиристад. Варзишгарони Русия ва Беларусро иҷозати иштирок дар Паралампиада надоданд.
  • Вазорати мудофиаи Русия бори аввал ҳалокати 498 нафар ва захмӣ шудани 1597 тани дигар аз нирӯҳояшро тасдиқ кард. Дар бораи дар Украина кушта шудани нахустин генерали рус: генерал-майор Андрей Суховетский– муовини фармондеҳи артиши 41-ум  хабар расид.
  • Президенти Украина Владимир Зеленский  гуфт, талафоти ҷониби Русия дар  Украина ба 9 ҳазор нафар наздик шудааст. Ситоди кулли артиши Украина низ ҳамин рақамро овардааст.
  • Разведкаи Украина хабар дод, ки Кремл рӯзи 4 март дар Русия вазъи ҳарбӣ ҷорӣ мекунад.
  • Дар Ҳамбурги Олмон яхтаи “Dilbar”и миллиардер Алишер Усмоновро мусодира кардаанд. Вазири иқтисоди Фаронса хабар дод, ки шаби 3 март дар бандари Ла Сота яхтаи “Amore Vero” ҳам мусодира шуд. Бовар меравад, ки ин яхта ба милилардери дигари рус, раҳбари ширкати “Роснефт” Игор Сечин тааллуқ дорад.
  • Боз як миллиардери рус Роман Абрамович эълон кард, ки тими футболи  “Челси”ро мефурӯшад ва бо ҳамаи пули аз он бадастомада бунёди кумак ба қурбониёни ҷангро таъсис медиҳад.
  • Метрои Киев боз ба кашондани мусофирон сар кард. Метро феълан аз соати 8:00 то 19:00 кор мекунад. Истгоҳҳои метрои пойтахти Украина ҳоло ҳамчун паноҳгоҳ истифода мешаванд. Шаҳрдории Киев гуфт, шаҳр бо обу гармӣ ва барқу алоқа таъмин буда, мағозаҳои хӯрока ва дорухонаҳо кор мекунанд.
  • Сарпрокурори Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ Карим Хон гуфт, трибунали Гаага ба таҳқиқи вазъи Украина дар пайи ҳамлаи Русия сар кардааст. Карим Хон гуфт, 39 кишвар  ба додгоҳи Гаага муроҷиат карда, хостори таҳқиқи қазияи Украина шудаанд. Интизор меравад, ин додгоҳ рӯзҳои  7 ва 8 март ба муҳокимаи даъвои  Украина дар мавриди генотсид аз тарафи Русия бипардозад.
  • Комиссари олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон Мишел Бачелет гуфт, дар пайи шурӯи муҳорибаҳо дар Украина беш аз 2 миллион нафар маҷбур ба тарки хонаҳои худ шудааст ва як миллиону 40 ҳазор нафар аз Украина ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурдаанд.
  • Нархи 1000 метри мукааби газ дар Аврупо аз 2 ҳазор доллар гузашт. Нархи як бушкаи нафти WTI ба 115 доллар расид, ки баландтарин нарх аз моҳи сентябри соли 2008 ба ин тараф аст. Нархи як бушка нафти навъи Brent ба 119 доллар расид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button