ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ҲАМЛАИ ПАЛАНГИ БАРФӢ БОЗ БА ЯК ХОНА ВА ЗАМИНЛАРЗА ДАР БАДАХШОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки тайи як шабонарӯзи охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду ҳодисаи фавқулодда рух додааст.

Ҳамлаи паланги барфӣ

Шаби 3 марти соли 2022, тахминан соати 01:30, як паланги барфӣ (барс, ирбис)  ба чорвои хонагӣ дар оғили як сокини деҳаи Амбави ҷамоати Барвози ноҳияи Роштқалъа ҳамла оварда, 6 сар чорвои хурдро даррондааст. Баъди нобуд кардани чорво, сокинон ҳамроҳи кормандони мақомот якҷоя тавонистаанд паланги барфиро ба даруни қафас дароранд. Ҳайвони ваҳширо аз ҳудуди деҳа хеле дуртар бурда, сипас аз қафас озод кардаанд.

Ёдовар мешавем, субҳи 23  феврали соли 2022, тахминан соати 07:30 як паланги барфӣ ба оғили як сокини ҳамин ҷамоати Барвози ноҳияи Роштқалъа ворид шуда, ба чорвои дохили он ҳамла карда буд. Ин дарранда 20 сар чорвои хурдро дарронд ва як сар чорвои калонро маъюб кард.

Ҳамин тавр, дар поёни моҳи октябри соли 2021 як паланги барфӣ ба оғили як сокини ҷамоати Зонги ноҳияи Ишкошим ҳамла овард ва 31 сар чорворои хурдро нобуд карда, 2 сар чорвои калон ва 8 сар чорвои хурдро захмӣ карда буд.

Заминларза

Бино ба иттилои Пажуҳишгоҳи геология, сохтмони ба заминларза тобовар ва зилзиланигории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯзи 2 марти соли 2022 , соати 14:57 ба вақти маҳаллӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон боз як заминларза рух додааст.

Маркази ин офати табиӣ дар 306–километрии ҷанубушарқи Душанбе ва 270–километрии ҷанубуғарби Хоруғ дар ҳудуди Афғонистон ҷойгир шуда, шиддати заминларза дар марказаш тибқи ҷабвали Риштер 4 балл ва дар Хоруғ 2 баллро ташкил додааст. Дар бораи кадом хисороте дар натиҷаи ин офати табиӣ гузориш нашудааст.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шудааст ва ҳар сол дар ин кишвар то 200 заминларзаи шиддаташ аз якуним балл боло сабт мешавад.

Моҳи июли соли 2021 дар натиҷаи як заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, беш аз 200 хона хароб шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button