ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

БЕШ АЗ 900 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН УКРАИНАРО ТАРК КАРДААНД

Дар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 3 март ба хабаргузории русии ТАСС гуфтаанд, ки дар рӯзҳои охир беш аз 900 шаҳрванди Тоҷикистон Украинаро тарк карда, аксараш ба Полша ва як қисми дигар ба Молдова рафтаанд. Дар умум, бино ба иттилои вазорати хориҷа, дар Украина беш аз 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон сабти ном шуда буд.

“Ба сабаби бад шудани вазъ дар рӯзҳои охир шумораи шаҳрвандони тоҷике, ки мехоҳанд қаламрави Украинаро тарк кунанд, зиёд шуд. То имрӯз 823 нафар ба Полша ва 121 нафар ба Молдова рафтаанд “, – гуфтаанд ба ТАСС дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон. Дар айни замон, 3 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Маъмурияти вижаи мониторинги Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) кор мекарданд, ба шаҳри Ростови лаби Дони Русия кӯчонда шудаанд.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Украина, ягон нафар аз шаҳрвандони тоҷик дар ҳаводиси ахир дар ин кишвар осеб надидааст. Ба гуфтаи намояндаи вазорати хориҷа, сафорати Тоҷикистон дар Киев ба сурати шабонарӯзӣ кор мекунад ва барои кумак ба ҳамватанон дар масъалаи бозгашти онҳо ба Ватан хатти вижаи алоқа боз шудааст.

“Рӯзи 2 март як корманди сафорат ба Кишинёв ва якеи дигар ба Лвов сафарбар карда шуд, то масъалаҳои марбут ба хуруҷи шаҳрвандони мо аз Украинаро дар ҷояш танзим кунанд “, – гуфтааст ҳамсуҳбати ТАСС.

Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Киев гуфта буд, ки рӯйхатти шаҳрвандони тоҷикеро, ки мехоҳанд ба Ватан баргарданд, тартиб медиҳад, то ба кӯчондани онҳо мусоидат кунад. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз ҳамаи тоҷиконе, ки дар Украинаанд, хостаст, ки қоидаҳои замони ҷангро риоя карда, бидуни зарурат аз хона набароянд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки Полша ва Руминия барои шаҳрвандони тоҷике, ки мехоҳанд аз Украина хориҷ шаванд, ба муддати то 14 рӯз визаро бекор кардааст.

Артиши Русия рӯзи 24 феврал “амалиёти махсуси ҳарбӣ” дар Украинаро оғоз кард. Ҷониби Русия ахиран эътироф кард, ки дар як ҳафтаи аввал 498 тан аз аскарону афсаронаш дар муҳорибаҳо дар Украина кушта шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button