ВидеоДин ва боварҳоСиёсат

5 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ БЕҲРӮЗ РАҲМОНЗОДА БАРОИ ТАБЛИҒИ ВИДЕОҲОИ “ИСЛОҲ ТВ”

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат сокини сисолаи ин шаҳр Раҳмонзода Беҳрӯзи Абдуллоҷонро барои таблиғу бознашри видеоҳои каналҳои ютубии “Ислоҳ ТВ”, “Уфуқ ТВ” ва “Ҳақ ТҶ” ба 5 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст. Назари худи Беҳрӯз Раҳмонзода ваё адвокату наздикони ӯ дастрас нест, вале Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ҳукми Раҳмонзода гуфт, ӯ медонист, ки таҳиягарон ва ровиёни ин каналҳо саркардагон  ва намояндагони созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯе, чун Паймони миллӣ, Ҳизби наҳзати ислом ва ҷунбиши Толибонанд, вале дидаю дониста бо номи “Ahmad Abdullah” (“Аҳмад Абдуллоҳ”) дар Ютуб канал кушода, видеоҳои он каналҳоро дар байни корбарон паҳн кардааст.

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат Раҳмонзода Беҳрӯзи Абдуллоҷонро, бар асоси қисми дуюми моддаи 307, иловаи 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ гунаҳкор шинохтааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон  дар шарҳи ин парванда гуфт: “Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Раҳмонзода Б.А. дидаю дониста, ки иштирок дар фаъолияти ин ташкилот ҷиноят эътироф гардида, фаъолияти он бо ҳалномаи Суди Олӣ ҳамчун ҳизби назҳати ислом” ва “Ҳаракати толибон” ташкилоти экстремистӣ (ифротгаро) ва террористӣ эътироф гардида, фаъолияти онҳо ва нашрияиву сомонаҳояшон манъ гардидааст, санаи 24 январи соли 2017 тавассути телефони мобилиаш дар шабакаи иҷтимоии “YouTube” тавассути телефони мобилияш тамғаи “Samsung” бо истифодаи почтаи электронии “Abdullah20161992@mail.com” саҳифаи худро бо хуруфоти лотинӣ бо мустаори “Ahmad Abdullah” кушода, дидаю дониста дар он мунтазам ба тамошои сабту наворҳои аудио-видеоии барномаҳои интернетии “UFUQ TV” (Уфуқ ТВ), “ISLOH TV” (Ислоҳ ТВ), “Haq TJ” (Ҳақ ТҶ), ки таҳиягарон ва ровиёни онҳо саркардагон ва намояндагони ташкилотҳои террористиву экстремистии “Паймони миллии Тоҷикистон”, “Ҳизби наҳзати ислом” ва “Ҳаракати Толибон” буда, мазмуни динӣ, ифротгароӣ, тарғибкунандаи ташкилотҳо ва муқобили сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, машғул шуда, онҳоро ҷонибдорӣ карда, қасдан сабту наворҳои видеоии барномаҳои онҳоро барои намоиш дар байни доираи васеъи истифодабарандагони сомонаи иҷтимоии интернетии мазкур ғайриқонунӣ паҳн намудааст.”

Қаблан ҳам мақомоти Тоҷикистон чанд нафарро бо ҷурми иштирок дар барномаҳои “Ислоҳ ТВ” бо блогери мухолиф Муҳаммадиқболи Садриддин зиндонӣ карда буданд.

Аз ҷумла моҳи майи соли 2021 додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Абдусаттор Мирзоев, сардори анбори лавозимоти алоқа ва воситаҳои фаннии қисми ҳарбии 6593 Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистонро бар асоси ҳамин қисми дуюми моддаи 307, иловаи 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо ҷурми мусоидат ба фаъолияти созмонҳои бо қарори додгоҳ ғайриқонунӣ эълоншуда ба 7 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард.

 Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда гуфт, “Мирзоев  Абдусаттор Абдураҳимович дар давраи адои хизматаш даст ба ҷиноят ба муқобили асосҳои сохтори конститусионӣ ва амнияти давлат задааст, ки моҳияти он дар мусоидат кардан дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ зоҳир мегардад.”  Абдусаттор Мирзоев гӯё дар суҳбат бо Муҳаммадиқболи Садриддин розӣ шудааст, ки дар сурати оғози “инқилоб” дар Тоҷикистон ба оппозитсия кумак карда, … воситаҳои алоқаро дар маҳбасҳо аз кор барорад ва нирӯи барқро хомӯш кунад.

Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин он вақт ба “Бомдод” гуфт, ин нафареро, ки бо ҷурми гӯё суҳбат бо сардабири “Ислоҳ” ба  7 соли маҳбас маҳкум шудааст, аслан намешиносад.

Рӯзи 1 октябри соли 2021 дар ар шаҳри Пушкин (собиқ Тсарское Село), дар 24-километрии Санкт-Петербург, шаҳрванди 42-солаи Тоҷикистон Фирдавс Сулаймоновро дастгир карданд. Мақомоти Тоҷикистон Сулаймоновро ба он айбдор мекунанд, ки рӯзи 3 январи соли 2021 ҳангоми дар Русия қарор доштанаш ҳамчун меҳмон дар барномае дар Ютуб, ки аз сӯи як гуруҳи дар Тоҷикистон террористӣ эътирофшуда иштирок карда, гӯё дар рафти барнома ба тағйир додани сохти сиёсии Тоҷикистон даъват кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button