ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

УКРАИНА АЗ МУЗОКИРОТИ СУЛҲ БО РУСИЯ ДАР БЕЛАРУС ДАСТ КАШИД (ВИДЕО)

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 27 феврал дар як муроҷиатномаи вижа ба мардуми Беларус изҳор дошт, ки Украина баргузор кардани музокироти сулҳ бо Русияро дар Минск ё дигар шаҳрҳои Беларус  қабул надорад. Зеленский гуфт, Украина ҳамчун макони музокирот Варшава, Братислава, Будапешт, Истанбул ва Бокуро пешниҳод кард ва дар умум барои доир кардани музокирот дар ҳар шаҳри ҳар кишваре, ки “аз қаламраваш  (ба болои Украина) мушакҳо намеборанд”, розӣ аст.

 “…Ҳоло мо гуфтем, ки Минск не. Макони музокирот шар кишвари дигар метавонад бошадю Албатта, мо ҳам сулҳ мехоҳем. Мо омодаи мулоқот ҳастем, мехоҳем ҷанг тамом шавад! Варшава, Братислава, Будапешт, Инстанбул, Боку – мо ҳамаи ин шаҳрҳоро ба ҷониби Русия пешниҳод кардем. Ҳар шаҳри ҳар кишваре, ки аз қаламраваш мушакҳо намеборанд, барои мо қобили қабул аст. Фақат дар чунин сурат музокирот метавонад самимона доир шаванд ва дар ҳақиқат ба ҷанг нуқта гузоранд”, – гуфт раисиҷумҳури Украина.

Қарори маълум, Русия барои амалӣ сохтани “амалиёти махсуси ҳарбӣ” дар Украина аз пойгоҳҳои ҳарбиаш дар Беларус истифода мебарад ва як қисми нирӯҳои Русия аз қаламрави Беларус ба хоки Украина даромаданд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков рӯзи 27 феврал хабар дод, ки ҳайъати Русия, иборат аз намояндагони вазоратҳои мудофиа, хориҷа, маъмурияти президент ва идораҳои дигар алакай барои мулоқот бо намояндагони Украина ба шаҳри Гомели Беларус рафтааст.

“Ҷониби Русия дар Гомел барои музокирот алакай омода аст ва мо ҳоло мунтазири украиниҳо ҳастем”, — гуфтааст Песков.

Сухангӯи Путин як рӯз пеш гуфт, ки Путин рӯзи 25 феврал ҷиҳати манъи идомаи ҳуҷум дар Украина фармон дод, вале баъди аз музокирот даст кашидани Украина пешравии нирӯҳо рӯзи 26 феврал аз сар гирифта шуд.

Аз 25 феврал ба ин тараф дар бораи омодагиҳо ба музокирот ҳам аз Маскав ва ҳам аз Киев хабарҳо ба даст мерасандж Аз ҷумла Путин гуфт, омода аст, ки як ҳайъатро барои музокирот ба Минск бифиристад. Зеленский ҳам гуфт, ки ба хотири қатъи хунрезӣ ҳамеша ба музокирот омода аст. Вале шоми 25 феврал Песков гуфт, ки ҷониби Украина аввал Варшаваро ба ҳайси макони музокирот пешниҳод кард, вале баъд “гум шуд”.

Мушовири дафтари президенти Украина Алексей Арестович дар суҳбат бо нашрияи украинии Страна.ua тасдиқ кард, ки Украина дар ҳақиқат аз музокирот даст кашид, чунки талабҳои Маскав  ғайри қобили қаблу буд ва амалан аз Киев таслими бечунучароро талаб дошт. “Мо ба онҳо паём додем, ки шароити созишномаи сулҳ бар асоси шарту шурути Киев имконпазиранд, на бар асоси шартҳои Маскав “, – гуфтааст Арестович. Вале Маскав мегӯяд, ки мехост дар музокирот бо намояндагони Киев танҳо масъалаи мақоми бетарафии Украинаро баррасӣ кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button