ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ТОҶИКҲО ЧӢ ГУНА БА ҶАНГИ УКРАИНА РАФТАНД? (ВИДЕО)

Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина аз ҷониби нирӯҳои Русия ва тарафдорони Русия ба эҳтимоли ғолиб зодагони Тоҷикистон низ иштирок доранд.

Мушовири вазири корҳои дохилии Украина Антон Герашенко хабар дод, ки дар як соати аввали кори хатти телефони “Аз Украина зинда баргард” волидони беш аз 100 аскару афсари Русия, ки азизонашонро ғолибан ба Украина фиристоданд, занг задаанд. Тарҳи “Аз Украина баргард” аз сӯи мақомоти вазорати мудофиаи Украина ташкил шуда, ба таъбири Герашенко, “як тарҳи ҷанги иттилоитию равонист” ва тавассути волидони сарбозонро мутақоид мекунанд, то ба зидди ҷанг бо Украина садо баланд кунанд.

Антон Герашенко дар Фейсбук навишт, ки ба ин рақам наздикони ҷавони 19-солаи тоҷик С,Ш. низ занг задаанд.

 “Падараш, ки дар Русия зиндагӣ дорад, ва бародараш, ки дар Тоҷикистон аст, С.Ш., санаи таваллудаш 2002-ро меҷӯянд. Ӯ ба ҳайси сарбози қарордодӣ дар қисми ҳарбии воқеъ дар вилояти Маскав хидмат мекард, вале хешовандонаш намедонанд, ки ӯро куҷо бурдаанд. Ба алоқа намебарояд. Хешовандонаш мехоҳанд, уки ӯро баргардонанд”, – навиштааст Антон Герашенко.

Тайи солҳои охир тақрибан 700-800 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон ва бисёриҳо ҳамроҳ бо фарзандони худ шаҳрвандии Русияро пазируфтанд. Ва ҳоло садҳо тан аз фарзандони тоҷикҳои шаҳрванди Русия шуда дар артиши ин кишвар хидмат мекунанд. Яқинан, бархеи онҳоро метавонистанд ба “амалиёти ҳарбии махсус” дар Украина ҷалб кунанд.

Дар ҳамин ҳол, тик-токери муқими шаҳри Сочии Русия Арсен Погосян, ки бо тахаллуси “Сочинский бандит” видео нашр мекунад,  дар видеои наваш хабар дод, ки дар Сочи мардумро барои фиристодан ба ҷанги Украина рӯйхат карда истодаанд ва дар байни онҳое, ки ихтиёран мехоҳанд ба ин ҷанг бираванд, тоҷикҳо низ ҳастанд.

 «Кӯтаҳи гап бачаҳо, барои рафтан ба Украина рӯйхат карда истодаанд. Ихтиёриёнро. Ва дар байни оншо бародарони тоҷики мо низ мехоҳанд дар он тараф аз Ватан ҳимоят кунанд”,  – мегӯяд ин тик-токер.

Хабари рӯйхат кардани ихтиёриён барои фиристодан ба амалиёти низомӣ ба Украина тавассути манобеи дигар ҳанӯз  тасдиқ нашудааст. Вале муҳоҷирони тоҷик дар Маскав низ ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки  ба онҳо низ пешниҳод шудааст, ки ба Украина рафта, аз ҷониби нирӯҳои рӯ ба Русия “камтар биҷанганд”.

Яке аз ин муҳоҷирон гуфт: “Мо шунидем, ки як созмон дар минтақаи истгоҳи метрои “Теплый стан” коргаронро ба кор гирифта истодааст. Ман ҳам онҷо рафтам. Ба ман пешниҳод карданд, ки барои ду ҳафта барои иҷрои “вазифаҳои махсуси ҳарбӣ” ба Украина биравам. 100 ҳазор рубл ваъда ҳам доданд. Онҳоро мегирифтанд, ки хидмати ҳарбӣ кардаанд ва билети ҳарбӣ доранд. Ман, ростӣ, аз рафтан тарсидам ва номнавис накардам. Вале дар онҷо муҳоҷирони дигар ҳам буданд. Ва нафақат тоҷикҳо, аз Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қафқоз ҳам буданд”.

@arsenpoghosyan8

♬ оригинальный звук – сочинский бандит

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button