ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

САДҲО КУШТА, ҲАЗОРОН ЗАХМӢ: НАТИҶАҲОИ СЕ РӮЗИ АВВАЛИ ҶАНГ ДАР УКРАИНА (ВИДЕО)

ДИҚҚАТ! Тавассути манобеи дигар санҷидани дурустии маълумоти мақомоти ҳарбии Русияву Украина дар бораи талафот  ва пешравиҳояшон дар майдони ҷанг имкон надорад.

Вазорати мудофиаи Украина хабар дод, ки дар давоми рӯзи 26 феврал нирӯҳои Украина дастикам 11 чархбол, 2 ҳавопаймои ҷангии Су-30 СМ, 2 ҳавопаймои ҷангии Су-25 ва як ҳавопаймои боркаши Ил-76 МД бо як гуруҳи десантии артиши Русияро аз байн бурдаанд. Ҳамин тавр, ҷониби Украина аз нобуд кардани корвони иборат аз 20 мошини ҳарбии артиши Русия тавассути ҳавопаймои Су-24М ва аз байн бурдани як қатори роҳи оҳан бо маводи сӯзишворӣ тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақдор ​​ТВ-2 (сохти Туркия) хабар дод.

Дар айни замон, намояндаи вазорати мудофиаи Русия генерал Игор Конашенков хабар дод, ки нирӯҳои Русия шаҳрҳои Херсон ва Бердянскро иҳота ва Геничевск ва як фурудгоҳ дар наздикии Херсонро ишғол кардаанд. Бино ба иттилои Конашенков, дар давоми рӯзи 26 феврал нирӯҳои Русия ба 975 иншооти ҳарбии Украина ҳамла оварда, 8 ҳавопаймои ҷангӣ ва 7 чархбол, ҳамчунин 28 ҳавопаймои дигарро дар замин аз байн бурда, ҳамин тавр, 223 тонк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯш, 86 тӯпхонаю миномёт, 143 воҳиди техникаи ҳарбӣ ва 39 шабакаи реактивии оташандозро нобуд кардаанд. Конашенков гуфт, 317 сарбози полки 302-юми Украина дар вилояти Харков ҳамроҳ бо шабакаҳои зиддиҳавоии «Бук М-1»  ба асорат афтода, нирғҳои ЛНР аз аввали ҷангҳо 52 км пеш рафта, рӯзи 26 феврал се деҳаи Новоахтирка, Смоляниново ва Станично-Луганскоеро ишғол кардаанд. Нирӯҳои ДНР бошад ба самти Петровское боз 12 км пештар рафта,  Павлопол ва Пишевикро тасарруф кардаанд.

Аммо Алексей Резников, вазири мудофиаи Украина се рӯзи аввали набардҳо ба зидди артиши Русияро ҳамчун 72 соати муқовимат, 3 шабонарӯзе, ки  кишвари мо ва дунёро абадан дигар кард” ба қалам дода, дар муроҷиатномааш гуфт: “Канӣ ҳамаи онҳое, ки ваъдаи дар 72 соат гирифтани Киевро дода буданд? Канӣ онҳо? Ман онҳоро надида истодаам. Фақат инро мешунавам, ки чӣ гуна онҳо худро сафед карда истодаанд”.

Бино ба хабарҳо, нирӯҳои Русия қисман вориди шаҳри Харков шудаанд. Дар Харков лӯлаи газро кафондаанд. Ҳамин тавр, дар шаҳри Василков дар наздикии Киев як базаи маҳсулоти нафтӣ тарконда, дар вилояти Киев ҳамчунин партовгоҳи партовҳои радиактивӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

То кунун дар бораи талафоти ҷонии тарафҳо маълумоти дақиқе дастрас нест. Ҷониби Русия дар бораи талафоташ аслан ягон хабар намедиҳад, вале дар дафтари президенти Украина рӯзи 26 феврал гуфтанд, ки ҷониби Русия тайи 3 рӯзи аввал ҳудуди 3500 куштаю захмӣ додааст.

Дар айни замон, фишорҳои байналмилалӣ ба зидди Русия торафт бештар мешавад. Роҳбари Комиссияи Аврупо аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо хост, аз пешниҳоди аз шабакаи байнибонкии SWIFT хориҷ кардани Русия тарафдорӣ кунанд. Амрико алакай аз ин пешниҳод дастгирӣ кардааст. Тақрибан ҳамаи амалиёти интиқоли пул дар дунёи муосир тавассути SWIFT анҷом мешавад ва агар ин пешниҳод пазируфта шавад, он дар байни таҳримоти алакай ҷоришуда ҷиддитарин зарба ба низоми молиявии Русия хоҳад шуд.

Чандин кишвари дунё, аз ҷумла Молдова, Руминия, Булғористон, Литва, Латвия, Эстония, Полша, Чехия, Олмон ва Британияи Кабир парвози ҳавопаймоҳои Русияро тавассути ҳарими ҳавоии худ манъ кардаанд. Чехия додани виза ва ҳаққи иқомат ба шаҳрвандони Русияро низ қатъ кард ва гуфт, асноди тамоми он русҳоеро, ки алакай ҳаққи иқомат ба даст овардаанд, аз нав тафтиш хоҳад кард, ки то чӣ андоза онҳо ба амнияти Чехия зарар дошта метавонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button