ВидеоИқтисод

БОЗОРИ “СУЛТОНИ КАБИР” ВА МАРКАЗИ САВДОИ “ОСИЁ” БАСТА ШУДАНД (ВИДЕО ВА 3 АКС)

Бозори “Султони Кабир” ва маркази савдои “Осиё” дар шаҳри Душанбе, ки мебоист аз 1 март баста мешуданд, алакай баста шудаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ  бо нашри се акс, аз ҷумла акси як эълон хабар дод. Дар эълон гуфта мешавад, ки рӯзҳои 27 ва 28 феврал дар маркази савдои “Осиё” ва бозори Султони Кабир” рӯзҳои санитарӣ гузаронида мешавад ва аз 1 марти соли 2022 бо қарор раиси шаҳри Душанбе аз 24 ноябри соли 2021 фаъолияти ин ду бозор ва дигар дӯкону мағозаҳои атрофи онҳо, ба истиснои як бинои сеқабатаи маъмурӣ, боздошта мешавад.

Бозори “Султони Кабир” ҳанӯз соли 2000 ташкил шуда,  ҳамроҳ бо бозори “Осиё” бузургтарин бозори фурӯши маҳсулоти ғайри либоса дар пойтахти Тоҷикистон ба шумор мерафт. Мардум ашёи рӯзгор, аз қолину палос то яхдону телевизор, аз белу каланд то қисмҳои эҳтиётии мошинро аз ҳамин ҷо мехариданд. Молики бозори “Султони Кабир” Аваз Кабиров, як соҳибкори пурнуфузи зодаи ноҳияи Восеъ, се моҳ пеш дар вокуниш ба қарори бастани бозораш гуфта буд, “агар давлат бихоҳад, як бозор не, балки тайёр аст, ҷони худро ҳам фидо кунад.”

Ба соҳибкорони “Султони Кабир” ва “Осиё” пешниҳод карда буданд, ки ба бозори “Кӯшониён”, воқеъ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ дар наздикии Маркази дуюми гармидиҳии Душанбе бикӯчанд. Ин бозор, бино ба иттилои дарёфтӣ, ба Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад. Вале Муҳаммадшоҳ Давлатшоҳзода, раиси бозори “Кӯшониён” соли 2019 ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “ин бозорро чанд нафари алоҳида ташкил кардаанд” ва яке аз саҳмдорон худи ӯст.

Шаҳрдории Душанбе  се моҳ пеш хабар дод, ки “бо мақсади ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир мувофиқ намудани кӯчаҳои Н.Қарабоев, Абайи ноҳияи Фирдавсӣ ва А. Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, таъмини ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт дар ин роҳҳо ва танзими давлатии савдо” бар асоси қарори шаҳрдорӣ аз 24 ноябри соли 2021 фаъолияти бозор, нуқтаҳои фурӯш ва хизматрасонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Султони Кабир», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Саид»-«Осиё» ва гирду атрофи он дар ноҳияи Фирдавсӣ, ҳамчунин маркази савдои «Мадад» воқеъ дар кӯчаи А. Ҷомии ноҳияи Сино аз 1 марти соли 2022 боз дошта шуда, “минбаъд бо тартиби муқарраргардида фаъолияти соҳибкорон дар дигар маҳал ҷойгир карда мешаванд.”

Дар ҷои ин се бозор бунёди шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ бо минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум пешбинӣ шудааст. Шаҳрдорӣ гуфт, сохтмони ин муасиссаҳои тиббӣ ҳанӯз дар нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар соли 1983 таҳия ва тасдиқ шуда буд.

Дар Душанбе дар солҳои охир чанд бозор, аз ҷумла, бозорҳои “Шоҳмансур” ва “Баракат” вайрон карда шуданд. Дар аввали соли 2020 дар Душанбе бозори “Ҷал-Ҷам” низ ба далели мувофиқ набуданаш ба нақшаи Генплан тахриб карда шуд. Савдогарони он бозорро ҳам ба бозори навбунёди “Кӯшониён” кӯчонда буданд.

Лозим ба зикр аст, ки 22 сол пеш, вақте бозори “Султони Кабир” бунёд шуд, соҳибкоронро ҳамин тавр маҷбурӣ аз бозори худҷӯши паҳлуи бозори “Саховат” маҷбурӣ ба инҷо кӯчонда буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button