ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

АКСҲОИ АБДУРОЗИҚ БО СИТОРАИ ФУТБОЛ РОНАЛДУ ВА ШАҲРДОРИ ЛОНДОН СОДИҚ ХОН (2 АКС)

Овозхон ва шоумени навраси тоҷик Абдурозиқ ба тасхири арсаҳои байналмилалӣ идома медиҳад. Аз[M1]  аксҳову видеоҳои рӯзҳои охир дар саҳифааш дар Инстаграм гузоштааш бармеояд, ки Абдурозиқ ҳоло дар Британияи Кабир қарор дорад ва дар Лондон бо шаҳрдори пойтахти Британия Содиқ Амон Хон ва дар шаҳри Манчестер дар варзишгоҳи машҳури “Олд Трафорд” бо яке аз ситораи рақами яки футболи муосир Криштиано Роналду аксҳои муштарак гирифтааст.

“Биё, чемпион @Кристиано! Ҳама умр орзу доштам, ки туро бубинам, ака!” навиштааст Абдурозиқ дар зери аксаш бо Роналду бо забони англисӣ.

Криштиано Роналду зодаи Португалия буда, наздики 20 сол боз бо ҳунарнамоияш дар ҳайъати тими миллии Португалия ва бошгоҳҳои шуҳратёре, чун “Спортинг” (Лиссабон), “Манчестер Юнайтед”, “Реал” (Мадрид), “Ювентус” (Турин”) дили миллионҳо мухлиси футбол дар саросари ҷаҳонро тасхир кардааст. Роналду соли 2021 боз ба тими “Манчестер Юнайтед” баргашт ва бо вуҷуди онки синнаш ба 37 расидааст, ҳамчунон бо як ҷӯшу хурӯши боварнокарданӣ ҳунарнамоӣ мекунад.

abdu_rozik

Let’s go champ @cristiano dreamt my whole life to meet you bro 💙 #cristianoronaldo #manchesterunited #oldtrafford #football #premierleague #tajikistan #portugal

Аммо дар зери аксаш бо шаҳрдори Лондон Содиқ Амонхон Абдурозиқ навиштааст: “Ман Шоҳигарии Британияро дӯст медорам ва мухлисонам бо истиқболи худ маро водор мекунанд, ки худро инҷо як меҳмони мақбул эҳсос кунам.”

Содиқ Амонхон аз як хонаводаи мусалмонони Ҳиндустон аст, ки баъди ҷудо шудани ин кишвар ба Ҳинду Покистон ба шаҳри Карочии Покистон ва сипас аз онҷо ба Лондон кӯчиданд. Содиқ Амон Хон  8 октябри сол 1970 дар Лондон ба дунё омада, собиқаи кориашро ҳамчун фурӯшандаи мағоза сар кардааст. Содиқ Амон Хон тақрибан 20 сол фаъолияти адвокатӣ дошт ва соли 2009 нахустин намояндаи мусалмонон буд, ки ҳаққи иштирок дар маҷлисҳои ҳукумати Британияро ба даст овард. Ӯ аз ҳизби коргарон (лейбористҳо) намояндагӣ мекунад ва соли 2016 шаҳрдори Лондон интихоб шуд.

abdu_rozik

I ❤ United Kingdom and all my fans are making me feel so welcome 

Абдурозиқ, як овозхони ҷавони зодаи деҳаи Ғиждарв дар кӯҳистони Панҷакент аст, ки 18 сол ва ҳамагӣ  1 метр қаду 18 кило вазн дорад. Ӯ аввал бо як навори сурудхониаш дар бозори Панҷакент ном баровард ва 3 сол пеш рэпсарои шинохта Барон (Беҳрӯзи Шариф) Абдурозиқро ба Душанбе оварда, таронаҳояшро тавассути студия ва канали “Авлод Медиа” сабт ва нашр кард. Ҳоло таронаҳои Абдурозиқ дар Ютуб ҳар кадом  то чанд миллион тамошобин ҷамъ меоранд.

Шуҳрати ин овозхони навраси тоҷик соли 2021 дар пайи эълони ҷангаш бо блогери низ хурдҷусса аз Доғистон Хасбулло (Хасбик) ба берун аз Тоҷикистон роҳ ёфт. Он ҷанг дар ниҳоят доир нашуд, вале овозаи Абдурозик чунон оламшумул шуд, ки ӯро акнун ба ҷашну тантанаҳои байналмилалӣ даъват мекунанд ва  ҳатто рэпсарои машҳури Русия Моргенштерн Абдурозиқро ба сабти клипи наваш даъват кард ва ошпази машҳури турк Бурак бо ин ситораи наврас аз Тоҷикистон якҷо гамбургери бузурге пухт, ки аз Абдурозиқ ҳам калонтар буд. Моҳи августи соли 2021 мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб ба Абдурозиқ визаи тиллоӣ тақдим карданд. Ӯ бо ин виза метавонад 10 сол дар ҳудуди Иморот, аз ҷумла дар Дубай ва Абу Забӣ бидуни виза кору иқомат кунад.

Баъди кӯчидан ба Дубай, моҳи ноябри соли 2021 Абдурозиқ аз продюсери аввалинаш Барон, ба қавле “канда” кард ва корро бо продюсерҳои дигар дар Дубай оғоз кард. Барон аввал Абдурозиқро ба “хиёнат ба бародарони тоҷикаш” айбдор кард, Абдурозиқ дар ҷавоб Баронро айбдор кард, ки пули ӯро пурра намедод.  Вақте ки ин ҷанҷол тоза авҷ мегирифт, Барон аз ҳама хост, ки ба ин моҷаро нуқтаи таммат гузоранд ва шогирди собиқи ӯро дигар мазаммат накунанд.









Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button