ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: БАР АСАРИ СӮХТОР ДАР ҚУБОДИЁН 13 КАС ЗАХМӢ ШУДААСТ

Маркази матбуоти корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки бар асари сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён 13 нафар ҷароҳат бардошта, 7 мошин зарар дида ва ду сар чорвои калон талаф шудааст. Дар акси нашркардаи ВКД дида мешавад, ки бар асари ин офат нуқтаи фурӯши сӯхт тақрибан пурра ба коми оташ рафтааст.

Бино ба ин манбаъ, 21 феврали соли 2022, соати 15:04-дақиқа, дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Ориё нафт», воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар натиҷаи таркиши зарфи нигоҳдории гази моеъ сӯхтор ба амал омадаастю
Бо қабули хабар фавран ба ҷойи ҳодиса 6 адад мошинҳоим сӯхторхомӯшкунӣ сафарбар карда шудаанд.

“Масоҳати сӯхтор тақрибан 280 метри мураббаъро ташкил дода, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ роҳҳои паҳншавии сӯхтор пешгирӣ карда шуд”, гуфта мешавад дар иттилоия. ВКД афзуд, ки дар натиҷаи сӯхтор 13 нафар ҷароҳати ҷисмонии сӯхтаи бадан бардошта, 7 нақлиёти сабукрав зарар дидааст. Ҳамчунин 2 чорвои калони шохдор талаф ёфтааст. Аз тарафи коршиносон таҳқиқи ҳодиса бурда шуда, сабаб, гунаҳгор ва зарар муайян карда мешавад, ваъда додааст ВКД.

Пештар Абдулмаҷид Одиев, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Қубодиён дар як тамоси телефонӣ  ба Pressa.tj гуфт, танҳо як нафар ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст. “Бақияро баъди муолиҷаи табибон аз беморхона рухсат кардаанд”, гуфтааст Одиев.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button