ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБИИ ЗАН БО “МЕРСЕДЕС-БРАБУС” ВА ГОВДУЗДИИ СОКИНИ ПАНҶАКЕНТ ДАР РӮДАКӢ

Зани 34-солаи сокини Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи январи соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии як марди сокини пойтахт даромада, мошини “Мерседес-Брабус”-и ӯро 58 ҳазор сомонӣ нарх карда гирифт, вале то як сол боз 38 ҳазорашро надодааст.

хххххххххххххх

Марди 51-солаи сокини Панҷакент, ки пеш дар Русия ҳам суд шудааст, ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 20 феврал аз оғили як сокини ноҳияи Рӯдакӣ 5 сар чорвои калонро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 21 феврали маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо роҳи қаллобӣ аз худ намудани автомашина

007

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 43-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 10-уми январи соли 2021, зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Брабус”-ро ба маблағи 58 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, 20 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 38 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст. Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Бо роҳи пинҳонӣ рабудани амволи шаҳрвандон

048

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми феврали соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 5-сар чорвои калони шохорро дуздида, аз ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 15 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои операвӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи сокини шаҳри Панҷакент, ки бо моддаи 228 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбат ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button